Амрҳо аз Қуръони Карим — 1

Эй мардумон, Парвардигори хешро бипарастед, то дар паноҳ шавед. – Он, ки шумо ва касони пеш аз шуморо офарид. (Бақара-21)
Он, ки заминро барои шумо фарше сохт ва осмонро сақфе; ва аз осмон об фуруд овард, пас, ба сабаби вай анвои меваҳоро берун овард – рӯзӣ барои шумо. Пас, барои Худо дониста ҳамтоёне муқаррар макунед. (Бақара-22)
Эй фарзандони Яъқуб,(Ин ибора тарҷумаи «банӣ Исроил» аст) он неъмати Маро, ки бар шумо арзонӣ доштам, ёд кунед ва ба паймони Ман вафо кунед, то ба паймони шумо вафо кунам; ва аз Ман битарсед. (Бақара-40)
Ва ба он чи фуруд овардаам, ки дар тасдиқи он чи бо шумост, имон оред; ва нахустин мункири он мабошед; ва [ба] ивази оятҳои Ман баҳои андакро маситонед ва аз Ман ҳазар кунед. (Бақара-41)
Ростро бо норост омехта макунед ва ростро дониста пинҳон мадоред. (Бақара-42)
Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва бо намозгузорандагон намоз гузоред. (Бақара-43)
Ва бо шикебоию намоз мадад талабед. Ба дурустӣ ки намоз душвор аст, магар бар фурӯтанон, (Бақара-45)
Ва он гоҳ, ки аз банӣ Исроил паймон гирифтем, ки ба ҷуз Худо [дигаре]-ро напарастед ва ба волидайн ва аҳли қаробат ва ятимон ва бенавоён некӯӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гӯед ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед, пас, ба ҷуз андаке аз шумо, [ҳама] рӯгардон шуда баргаштед, ҳол он ки шумо эърозкунандагонед. (Бақара-83)
Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва он чи аз некӯкорӣ барои хештан пеш мефиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт. Ба дурустӣ ки Худо ба он чи мекунед, Биност. (Бақара- 110)
Ва [аз] ҳар ҷо, ки [берун] равӣ, пас, рӯи худро ҷониби Масҷиду-л-Ҳаром мутаваҷҷеҳ кун; ва ҳар ҷо, ки бошед, пас, рӯи худро ҷониби вай мутаваҷҷеҳ кунед, то мардумонро бар шумо илзоме набошад – ба ҷуз онон аз ин ҷамоат, ки ситам кардаанд. Пас, аз онҳо матарсед ва аз Ман битарсед, то неъмати Худро бар шумо тамом кунам ва то бувад, ки роҳ ёбед. (Бақара-150)
Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз ёрӣ биҷӯед;(Яъне: барои ҳосил кардани савоби охират) ба дурустӣ ки Худо бо собирон аст. (Бақара -153)

Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шаванд, мурда магӯед, балки онҳо зиндаанд, валекин шумо огоҳ намешавед. (Бақара- 154)
Эй мардумон, аз он чи дар замин ҳалоли покиза аст, бихӯред ва гомҳои Шайтонро пайравӣ макунед, ҳамоно ӯ барои шумо душмани ошкор аст. (Бақара -168)
Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чи шуморо рӯзӣ додем, бихӯред; ва агар Худоро мепарастед, Ӯро сипос гӯед. (Бақара- 172)

Ҷуз ин нест, ки [Худо] бар шумо мурдор; ва хун; ва гӯшти хук; ва он чиро, ки дар (забҳи) вай ба ғайри [номи] Худо овоз баланд карда шавад, ҳаром кардааст.(Дар ин оят он чизҳои ҳаром зикр шудааст, ки фақат ба чаҳорпоён тааллуқ дорад. Он чизҳои ҳаром, ки ба хабоис, даррандагон ва монанди ин тааллуқ дорад, мавзӯи дигар аст) Аммо ҳар ки бечора шавад; ва тааддикунандаву аз ҳадгузаранда набошад, пас, бар вай гуноҳе нест.(Яъне: дар хӯрдани он чизҳо) Ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Бақара-173)

Некӯкорӣ он нест, ки рӯи худро ба тарафи машриқу мағриб мутаваҷҷеҳ кунед; валекин некӯкорӣ он аст, ки кас Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва Китоб ва пайғамбаронро бовар дорад; ва молро – бо вуҷуди онро дӯст доштанаш – ба хешовандон ва ятимон ва фақирон ва мусофирон ва суолкунандагон бидиҳад ва дар боби бардаҳо(Яъне: дар озод ё халос кардани бандагон) [харҷ кунад]; ва намозро барпо дорад; ва закотро бидиҳад; ва чун аҳд кунанд, ба аҳди хеш вафокунандагон; ва дар тангдастию сахтӣ ва ба вақти корзор сабркунандагон; инҳо ростгӯёнанд ва ҳам инҳо парҳезгоронанд. (Бақара- 177)
Эй касоне, ки имон овардаед, қисос дар куштагон(Яъне: эътибори мумосалат дар куштагон) барои шумо лозим карда шуд: озод дар муқобилаи озод;(Яъне: дар ҳукм мисли ӯст) ва банда дар муқобилаи банда; ва зан дар муқобилаи зан аст. Агар касеро аз хуни бародараш чизе(Яъне: чизе аз хуни мусулмони мақтул) даргузашта шавад, пас (ҳукми ӯ) пайравӣ кардан ба некӯӣ ва расонидани хунбаҳо ба вай ба хушхӯӣ аст. Ин (ҳукм) сабук кардан ва меҳрубонӣ аз Парвардигори шумост. Пас, ҳар ки баъд аз ин аз ҳад гузарад, вайро азоби дарддиҳанда аст. (Бақара-178)
Ва эй соҳибони хирад, шуморо ба сабаби қисос зиндагонӣ аст, то бошад ки парҳезгорӣ кунед. (Бақара-179
Бар шумо, вақте ки касеро аз шумо марг пеш ояд, агар моле бигузорад, барои падару модару наздикон ба некӯӣ васият кардан лозим карда шуд. Ин кор бар парҳезгорон лозим шуд. (Бақара-180)
Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед. (Бақара-183)
(Рӯза доштан) дар чанд рӯзи шумурдашуда [аст]. Ва ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас он(Яъне: рӯза доштан) аз рӯзҳои дигар лозим аст; ва бар касоне, ки метавонанд рӯза доштан (Яъне: касоне, ки тоқати рӯза доштан доранд, вале мехоҳанд, ки рӯза надоранд) фидя лозим аст, ки (иборат аз) хӯроки як дарвеш аст; пас, ҳар ки некие [зиёда аз ин] ба ҷо орад, ин барои ӯ
беҳтар аст. Ва агар медонед, барои шумо он беҳтар аст, ки рӯза доред. (Бақара-184)
Моҳи рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – [ҳамчун] раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад; ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай [ба] шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад ва (мехоҳад, ки) шуморро тамом кунед. Ва Худоро ба шукри он, ки
ба шумо роҳ намудааст, ба бузургӣ ёд кунед; ва бошад ки шумо шокир шавед. (Бақара-185)
Ва чун бандагони Ман дар бораи Ман туро бипурсанд – пас, ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандаро – чун дуо кунад – қабул мекунам. Пас, бояд ки онҳо барои Ман фармонбардорӣ кунанд ва бояд ки ба Ман бигараванд, то бошад ки роҳ ёбанд. (Бақара-186)
Мухолатат кардан бо занони худ дар шаби рӯза барои шумо ҳалол карда шуд. Онҳо шуморо (ба манзилаи) пӯшишанд ва шумо онҳоро (ба ҷои) пӯшишед. Худо донист, ки шумо дар ҳаққи хештан хиёнат мекардед, бар шумо ба меҳрубонӣ бозгашт ва аз шумо даргузашт, пас, алҳол бо занони худ мухолатат кунед ва он чиро, ки Худо барои шумо муқаддар кардааст,(Яъне: фарзанд) талаб кунед; ва бихӯреду биошомед, то он, ки барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёҳ равшан шавад, (мурод) аз (риштаи сафед) фаҷр (аст). Пас аз он рӯзаро то шаб тамом кунед; ва дар ҳоле, ки дар масҷидҳо мӯътакиф бошед, занонро мисос макунед. Инҳо манҳиёти Худо аст, пас ба онҳо наздик машавед. Худо ҳамчунин оятҳои Худро барои мардумон баён мекунад, бошад ки парҳезгорӣ кунанд. (Бақара- 187)
Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноҳақ махӯред ва амволи худро ба ҳокимон марасонед,(Яъне: ба ришва) то порае аз амволи мардумонро ба ситам бихӯред; ва шумо медонед. (Бақара-188)
Ва дар роҳи Худо бо касоне ҷанг кунед, ки бо шумо ҷанг мекунанд; ва аз ҳад магузаред. Ҳамоно Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад. (Бақара- 190)
Ва ҳар ҷо, ки мушриконро биёбед, онҳоро бикушед ва аз он ҷое, ки шуморо берун карданд,(Яъне: аз Макка) онҳоро берун кунед. Ва (ғалабаи) ширк аз қатл сахттар аст; ва наздики Масҷиду-л-Ҳаром бо онҳо корзор макунед, то он гоҳ, ки бо шумо дар он ҷо корзор кунанд; ва агар бо шумо биҷанганд, пас онҳоро бикушед. Сазои кофирон ҳамчунин аст. (Бақара-191)
Ва бо онҳо биҷангед, то он ки ширк нобуд шавад ва дин маҳз барои Худо шавад. Ва агар бозмонданд,(Яъне: аз ширк) пас, дастдарозӣ нест, магар бар ситамкорон. (Бақара-193)
Моҳи ҳаром ивази моҳи ҳаром аст ва ҳурматҳо бо якдигар иваз мешаванд. Ва ҳар ки ба шумо тааддӣ кунад, пас, ба вай монанди дастдарозии вай ба шумо дастдарозӣ кунед; ва аз Худо ҳазар кунед ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст. (Бақара-194)
Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маафканед ва некӯкорӣ кунед; ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад. (Бақара-195)
Ва ҳаҷҷу умраро барои Худо тамом кунед; ва агар боздошта шавед, пас, аз қурбонӣ он чи муяссар бошад, лозим аст; ва то он, ки қурбонӣ ба ҷояш бирасад, сарҳои худро матарошед; ва ҳар ки аз шумо бемор бошад, ё ӯро дар сар ранҷе бошад, пас, ивази он рӯза ё садақа ё қурбонӣ лозим аст. Ва чун эмин шудед; ва ҳар ки ба сабаби адои умра то вақти ҳаҷ баҳравар шуд, пас, аз қурбонӣ он чи муяссар бошад, лозим аст; ва ҳар ки [қурбонӣ] наёбад, пас, се рӯз дар вақти ҳаҷ ва ҳафт рӯз – вақте ки аз сафар бозгардад, рӯза доштан лозим аст. Ин як даҳаи тамом аст. Ин ҳукм барои касе аст, ки аҳли вай бошандаи Масҷиду-л-Ҳаром набошад. Ва аз Худо ҳазар кунед ва бидонед, ки Худо сахтуқубат аст. (Бақара- 196)
Ҳаҷ ба моҳҳои донисташуда муваққат аст.(Яъне: шаввол ва зулқаъда ва даҳаи зулҳиҷҷа) Ва ҳар ки дар ин моҳҳо ба худ ҳаҷро лозим кунад,(Яъне: эҳром бандад) пас, дар ҳаҷ мухолатати занон ва бадкорӣ ва бо ҳам муноқиша кардан ҷоиз нест. Ва ҳар чи аз некӣ мекунед, Худо онро медонад. Ва тӯша (ҳамроҳ) гиред; ҳамоно беҳтарин тӯша парҳезгорӣ аст.(Яъне: аз гадоӣ ва дуздӣ) Ва соҳибони хирад, аз Ман битарсед. (Бақара-197)
Бар шумо гуноҳе нест, ки (дар мавсими ҳаҷ) аз Парвардигори худ рӯзӣ талаб кунед. Он гоҳ, ки аз Арафот бозгардед, наздики Машъари Ҳаром Худоро ёд кунед; ва Худоро ба шукри он, ки ба шумо роҳ намудааст, ёд кунед; ҳамоно пеш аз ин аз гумроҳон будед. (Бақара- 198)
Сипас, аз он ҷое бозгардед, ки (оммаи) мардумон бозмегарданд;(Яъне: аз Арафот) ва аз Худо талаби омурзиш кунед; ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Бақара-199)
Ва чун аркони ҳаҷҷи хешро адо кардед, пас, Худоро ёд кунед(Яъне: дар Мино) – монанди падаронатонро ёд кардани шумо, балки ёд кардане зиёдтар. Ва аз мардумон касе ҳаст, ки мегӯяд: «Эй Парвардигори мо, дар дунё [насибаи моро] бидеҳ». Ва дар охират ӯро ҳеҷ насибе нест (Бақара-200)
Ва Худоро дар чанд рӯзи шумурдашуда(Яъне: айёми Мино) ёд кунед. Касе, ки дар ду рӯз шитоб(-и кӯч) кунад,(Яъне: аз роҳи Мино) гуноҳе бар вай нест; ва ҳар ки дер монад, гуноҳе бар вай нест; [ин ҳукм] барои касе аст, ки парҳезгорӣ кунад. Ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки шумо ба сӯи Вай барангехта хоҳед шуд. (Бақара- 203)
Эй касоне, ки имон овардед, ҳама якҷо ба Ислом дароед ва гомҳои Шайтонро пайравӣ макунед;(Яъне: дар усул мухталиф машавед) ба дурустӣ ки ӯ шуморо душмани ошкоро аст.(Бақара-208)
Мардумон як гурӯҳ буданд, пас Худо пайғамбаронро башоратдиҳанда ва бимкунанда фиристод ва бо онҳо Китобро ба ростӣ фуруд овард, то (он Китоб) миёни мардумон дар он чи, ки дар он ихтилоф карданд, ҳукм кунад. Ва ба ҷуз касоне, ки ба онҳо Китоб дода шуд – баъд аз он, ки ба онҳо нишонаҳо омад – аз рӯи ҳасад дар миёни хеш – дар он [касе] ихтилоф накард. Пас Худо ба
иродаи Худ мӯъминонро ба он ҳақ, ки дар он ихтилоф карданд, роҳ намуд. Ва Худо ҳар киро хоҳад, ба сӯи роҳи рост роҳ менамояд. (Бақара-213)
Аз ту суол мекунанд: «Чӣ (навъи харҷ кардан) харҷ кунанд?» Бигӯ: «Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед Доно аст». (Бақара-215)
Ҷанг бар шумо лозим карда шуд ва он барои шумо душвор аст. Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Худо медонад ва шумо намедонед. (Бақара-216)
Аз ту дар бораи шароб ва қимор суол мекунанд. Бигӯ: «Дар ин ҳар ду гуноҳи сахт аст ва барои мардумон нафъҳое [ҳам] ҳаст;(Яъне: дар дунё) ва гуноҳи ин ҳар ду аз нафъи онҳо сахттар аст.(Яъне: ҳароманд ва аз манфиатҳои онҳо сарфи назар бояд кард) Ва аз ту суол мекунанд: чӣ чиз харҷ кунанд. Бигӯ: «(Харҷ кунед) зиёдаро».(Яъне: аз ҳоҷати зарурӣ) Худо ҳамчунин оятҳоро
барои шумо баён мекунад, то бошад ки тааммул кунед –( Бақара-219)

– дар (маслиҳати) дунё ва охират. Ва аз ту дар бораи ятимон суол мекунанд. Бигӯ: «Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст; ва агар бо онҳо мушоракат кунед, пас онҳо бародарони шумоанд. Ва Худо табоҳкорро аз салоҳкор бозмедонад; ва агар Худо мехост, бар шумо сахт мегирифт: ба дурустӣ ки ХудоҒолиби Устуворкор аст. (Бақара-220)
Ва занони ширкорандаро ба занӣ магиред, то он ки имон оранд; ва ҳамоно канизаки мӯъмина аз зани ширкоранда беҳтар аст, агарчи шуморо ба шигифт оварда бошад. Ва ба мушрикон ба занӣ мадиҳед,(Яъне: занони мӯъминро) то он ки имон оранд; ва ҳамоно бандаи мӯъмин аз мушрик беҳтар аст, агарчи шуморо ба шигифт оварда бошад. Онҳо(Яъне: мушрикон) ба сӯи дӯзах мехонанд; ва Худо ба ҳукми Худ ба сӯи биҳишт ва ба сӯи омурзиш мехонад ва оятҳои Худро барои мардумон баён мекунад, то бошад ки пандпазир шаванд. (Бақара- 221)

Ва аз ту дар бораи ҳайз суол мекунанд. Бигӯ: «Вай наҷосат аст. Пас, аз занон дар ҳоли ҳайз як сӯ шавед ва ба онҳо наздикӣ макунед, то он ки пок шаванд; ва чун нек пок шаванд,(Яъне: ғусл ба ҷо оранд) пас, ба онҳо аз он роҳ, ки Худо ба шумо амр кардааст,(Яъне: аз роҳи пеш, ки тифл пайдо шавад) наздикӣ кунед. Ба дурустӣ ки Худо тавбакунандагонро дӯст медорад ва покшавандагонро дӯст медорад. (Бақара-222)
Занонатон киштзори шумоанд, пас, ба киштзори хеш ба ҳар равише, ки хоҳед, биёед. Ва барои худатон пеш фиристед;(Яъне: аъмоли солеҳаро) ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки шумо бо Вай мулоқот хоҳед кард. Ва мӯъминонро башорат деҳ. (Бақара- 223)

Ва (номи) Худоро дастмол барои савгандони худ макунед – барои иҷтиноб аз он, ки некӯкорӣ кунед ва парҳезгорӣ намоед ва дар миёни мардумон салоҳ оред.(Яъне: савганд барои мавқуф гузоштани кори нек ҷоиз нест) Ва Худо Шунавои Доно аст. (Бақара-224)
Барои он касон, ки аз занони хеш ийло мекунанд,(Яъне: қасам мехӯранд, ки ҷимоъ накунанд) чаҳор моҳ интизор кардан [лозим] аст; ва агар бозгаштанд,(Яъне: аз паси савганд) пас, ҳамоно Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Бақара-226)
(Ҳамаи) намозҳо ва намози миёнаро(Яъне: хусусан намози асрро) нигоҳдорӣ кунед; ва барои Худо [ба тариқи] фармонбардорӣ бар пой биистед. (Бақара-238)
Ва агар тарсидед,(Яъне: аз душман ва монанди он) пас, пиёда ё савора (намоз гузоред). Ва чун эмин шавед, пас, Худоро ёд кунед, чунон ки ба шумо он чиро омӯхтааст, ки намедонистед. (Бақара-239)
Ва дар роҳи Худо ҷанг кунед ва бидонед, ки Худо Шунавои Доно аст. (Бақара-244)
Эй касоне, ки имон овардаед, аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, харҷ кунед, пеш аз он, ки рӯзе биёяд, ки дар он на хариду фурӯш ҳаст ва на дӯстӣ ва на шафоат. Ва ҳамоно кофирон золиманд (Бақара- 254)
Эй касоне, ки имон овардаед, хайроти худро ба миннат ниҳодан ва озурда кардан табоҳ макунед, ҳамчун касе, ки моли худро барои намоёндан ба мардумон харҷ мекунад ва ба Худову рӯзи қиёмат имон надорад; ва сифати ӯ монанди сифати санги соф аст, ки бар он андак хок бошад, ба он бороне азим расад, пас, онро сахт (ва соф) мегузорад. (Аҳли риё) бар чизе аз он чи амал
карданд, тавоноӣ надоранд. Ва Худо гурӯҳи кофиронро роҳ наменамояд. (Бақара-264)
Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чи шумо ба даст овардаед ва аз (покизаҳои) он чи барои шумо аз замин берун овардаем, харҷ кунед; ва аз он чи харҷ мекунед, нохушу табоҳи онро қасд макунед ва [ҳол он ки] худатон гирандаи он нестед, ба ҷуз вақте ки дар (гирифтани) он чашмпӯшӣ кунед. Ва бидонед, ки Худо Бениёзи Сутудакор аст. (Бақара-267)
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо ҳазар кунед; ва агар аз аҳли имон ҳастед, он чиро, ки аз суд мондааст, тарк кунед. (Бақара-278)
Агар [тарк] накардед, пас, ба ҷанге аз тарафи Худо ва расули Ӯ хабардор бошед. Ва агар тавба кунед, пас, асли молҳоятон аз они шумо аст: шумо ситам намекунед ва бар шумо ситам карда намешавад. (Бақара-279)
Ва агар муфлисе бошад, пас то тавонгарӣ мӯҳлат додан лозим аст; ва агар медонед, он ки хайрот кунед, барои шумо беҳтар аст. (Бақара-280)
Ва аз он рӯз ҳазар кунед, ки дар он ба сӯи Худо бозгардонида мешавед, пас ба
ҳар кас он чи амал кардааст, тамом дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд.
(Бақара-281)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -2

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *