АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 11

Бигӯ: «Ба дурустӣ ки Парвардигори ман ба инсоф фармудааст; ва наздики ҳар намоз рӯи худро рост кунед ва ибодатро барои Ӯ холис карда, Ӯро бипарастед. Ҳамчунон ки шуморо [аз бози аввал] офарид, бори дигар бозмегардед».(Яъне: сару по бараҳна, хатна нокарда, зинда гардонида хоҳед шуд) (Аъроф-29)
Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати(Яъне: либос) худро бигиред; ва бихӯреду биошомед ва исроф макунед; ба дурустӣ ки Худо дӯст намедорад. (Аъроф-31)
اПарвардигори худро зорикунон ва пӯшида (аз мардумон) бипарастед; ҳамоно Ӯ аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад. (Аъроф-55)
Ва дар замин – баъди ислоҳи он,(Яъне: ба сабаби фиристодани пайғамбар (с)) фасод макунед. Ва Ӯро бо тарсу умед бипарастед; ба дурустӣ ки бахшоиши Худо ба некӯкорон наздик аст. (Аъроф-56)
Ва номҳои нек аз они Худо аст. Пас Ӯро ба он номҳо бихонед; ва касонеро бигузоред, ки дар номҳои Худо каҷравӣ мекунанд;(Яъне: «Абулмасеҳ» ва «Абулмалоика» мегуфтанд) ба онҳо ҷазои он чи, ки мекарданд, дода хоҳад шуд. (Аъроф-180)
Ва чун Қуръон хонда шавад, пас ба сӯи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо меҳрубонӣ карда шавад. (Аъроф-204)
Ва Парвардигори худро дар замири худ ба зорию тарскорӣ ва ба каломи пасттар аз овози баланд, бомдоду шабонгоҳ ёд кун; ва аз ғофилон мабош. (Аъроф-205)
Эй мӯъминон, чун бо кофирон анбӯҳ карда, ба ҳам оед, пас, ба сӯи онҳо пуштро магардонед. (Анфол-15)
Ва монанди касоне машавед, ки гуфтанд: «Шунидем». Ва онҳо намешунаванд.(Яъне: монанди аҳли Китоб, ки Таврот хонданд ва ба забон эътироф намуданд ва дар он амал накарданд) (Анфол-21)
Эй мӯъминон, чун Худову расул шуморо барои он [чиз], ки шуморо зиндадил месозад, бихонанд, (он хонданро) қабул кунед. Ва бидонед, ки Худо дар миёни марду дили ӯ ҳоил мешавад;(Яъне: азимати ӯро беасар мекунад) ва (бидонед, ки) ба сӯи Ӯ барангехта хоҳед шуд. (Анфол-24)
Ва аз он фитнае бипарҳезед, ки хосса[-ву танҳо] ба касоне аз шумо, ки ситам карданд, намерасад;(Яъне: мумкин аст, ки шумии ин ба ҳама расад) ва бидонед, ки ҳамоно Худо сахтуқубат аст. (Анфол-25)
Ва бидонед, ки молҳои шумову фарзандони шумо озмоиш аст; ва он, ки наздики Худо музди бузург аст. (Анфол-28)
Ва бо онҳо корзор кунед, то он ки ҳеҷ фитна(Яъне: ғалабаи куфр) набошад; ва дин ҳама барои Худо бошад, Пас агар бозистанд,(Яъне: аз ширк ва мусулмон шаванд) ҳамоно Худо ба он чи мекунанд, Бино аст. (Анфол-39)
Эй мӯъминон, чун бо гурӯҳе рӯ ба рӯ шавед, пас, собит бошед ва Худоро бисёр ёд кунед; бувад ки шумо растагор шавед.(Анфол-45)
Ва монанди касоне мабошед, ки аз рӯи саркашӣ ва худнамоӣ ба мардумон аз хонаҳои худ берун омаданд; ва аз роҳи Худо бозмедоранд. Ва Худо ба он чи мекунанд, Иҳотакунанда аст. (Анфол-47)
Ва он чи метавонед аз нерӯ ва аз омода доштани аспон барои онҳо муҳайё созед, [то] душманони Худо ва душмани худатон ва низ, ба ҷуз онҳо, қавме дигарро, ки шумо онҳоро намедонед, Худо онҳоро медонад,(Яъне:
мунофиқонро) битарсонед. Ва он чи – аз ҳар чи бошад – дар роҳи Худо харҷ мекунед, ба шумо тамом дода шавад;(Яъне: савоби он) ва шумо ситам карда нашавед. (Анфол-60)
Пас, аз он чи бихӯред, ки ҳалоли покиза ғанимат гирифтаед; ва аз Худо битарсед. Ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Анфол-69)
Ва агар пас аз аҳд бастанашон савгандони хешро бишикананд ва дар дини шумо таъна зананд, пас, бо пешвоёни куфр корзор кунед; ба дурустӣ ки онҳоро аҳду паймоне нест; бошад ки онҳо бозмонанд. (Тавба-12)
Бо онҳо ҷанг кунед, то Худо онҳоро бо дасти шумо азоб кунад ва онҳоро расво созад; ва шуморо бар онҳо нусрат диҳад; ва ба синаҳои гурӯҳи мӯъминон шифо бахшад; (Тавба-14)
Эй мӯъминон, агар падарону бародарони шумо куфрро бар имон ихтиёр кунанд, онҳоро дӯст магиред. Ва касоне аз шумо, ки бо онҳо дӯстӣ доранд, ҳамонҳо ситамкоронанд. (Тавба-23)
Бигӯ: «Агар падарони шумову писарони шумову занони шумову хешовандони шумо; ва он молҳое, ки онро касб кардаед; ва тиҷорате, ки аз касоди он метарсед; ва манзилҳое, ки онро писанд мекунед, наздики шумо аз Худову
расули Ӯ; ва аз ҷиҳод дар роҳи Ӯ дӯстдоштатар бошанд, пас, мунтазир бошед, то он ки Худо уқубати Худро биёрад. Ва Худо ба гурӯҳи фосиқон роҳ наменамояд». (Тавба-24)
Аз аҳли Китоб ба касоне ҷанг кунед, ки ба Худо ва рӯзи охир имон намеоранд; ва он чиро, ки Худову пайғамбари Ӯ ҳаром кардаанд, ҳаром намешумуранд; ва дини дурустро ихтиёр намекунанд – то он, ки аз дасти худ, хор шуда, ҷизя бидиҳанд. (Тавба-29)
Сабукбору гаронбор берун оед ва ба молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод кунед; агар медонед, ин барои шумо беҳтар аст. (Тавба-41)
Эй мӯъминон, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён бошед. (Тавба-119)

Эй мӯъминон, ба касоне аз кофирон, ки наздики шумоанд, ҷанг кунед. Ва бояд ки кофирон дар шумо дуруштиро ёбанд; ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст.(Тавба-123)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ 10
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 12

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *