АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 12

Ҳамоно Парвардигори шумо Худое аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш мустақар шуд; корро тадбир мекунад; ҳеҷ шафоаткунандае нест, магар баъди дастурии Вай. Ин аст Худо – Парвардигори шумо. Пас, Ӯро бипарастед. Оё панд намегиред? (Юнус-3)
Дар он ҷо дуояшон: «Субҳонака-л-Лоҳумма»(Яъне: покӣ Турост, Бор Худоё) бошад ва дурудашон (ба якдигар) «салом» бувад; ва ниҳояти дуояшон он аст, ки «Ҳамд Худойрост – Парвардигори оламиён». (Юнус-10)
Огоҳ бош, ба дурустӣ ки бар дӯстони Худо ҳеҷ тарс нест ва онҳо андӯҳгин нашаванд – (Юнус-62)
ба он (мазмун), ки (пайғамбар гӯяд:) «Ба ҷуз Худо [касеро] ибодат накунед. Ба дурустӣ ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо бимкунанда ва башоратдиҳанда ҳастам. (Ҳуд-2)
(ба ин мазмун), ки ба ҷуз Худо [дигареро] мапарастед. Ҳамоно ман бар шумо аз азоби рӯзи дарддиҳанда метарсам». (Ҳуд-26)
Ва ба сӯи Од бародарашон Ҳудро (фиристодем), гуфт: «Худоро ибодат кунед, шуморо ба ҷуз Вай ҳеҷ маъбуде нест. Шумо ба ҷуз ифтирокунанда [каси дигар] нестед. (Ҳуд-50)
Эй қавми ман, аз шумо барои ин пайғом муздеро наметалабам; музди ман [бар касе] нест, магар бар Он, ки маро офаридааст. Оё [ба ақл] дар намеёбед? (Ҳуд-51)
Пас, чунон ки фармуда шудаӣ, устувор бош ту ва онон низ, ки ҳамроҳи ту тавба кардаанд; ва аз ҳад магузаред. Ҳамоно Вай ба он чи мекунед, Бино аст. (Ҳуд-112)
Ва ба сӯи онон, ки ситам карданд, майл макунед, ки он гоҳ ба шумо оташ бирасад ва шуморо ба ҷуз Худо дӯстон нестанд ва низ нусрат дода намешавед. (Ҳуд-113)
Ва намозро ду тарафи рӯз ва соате чанд аз шаб барпо дор; ҳамоно тоатҳо гуноҳонро дур мекунанд. Ин барои пандпазирон панде аст. (Ҳуд-114)
Ва шикебоӣ кун, ба дурустӣ ки Худо музди некӯкоронро зоеъ намесозад. (Ҳуд-115)
Ва илми ғайби осмонҳову замин аз они Худо аст ва ҳамаи корҳо ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавад. Пас, Ӯро ибодат кун ва бар Ӯ таваккул кун. Ва Парвардигори ту аз он чи мекунед, бехабар нест. (Ҳуд-123)
Ба он бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ, то намозро барпо доранд ва аз он чи Мо ба онҳо рӯзӣ додем пинҳону ошкоро, харҷ кунанд – пеш аз он, ки рӯзе биёяд, ки дар он на харидуфурӯш ҳаст ва на бо якдигар дӯстӣ бувад. (Иброҳим-31)
Ҳамоно Худо ба инсофу некӯкорӣ ва ато кардан ба хешовандон мефармояд ва аз беҳаёӣ ва кори нописандида ва тааддӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳад, то бувад ки шумо пандпазир шавед. (Наҳл-90)
Ба сӯи роҳи Парвардигори хеш ба донишу панди нек даъват кун;(Яъне: мардумонро) ва бо онҳо ба тариқе мунозира кун, ки вай нек аст. Ба дурустӣ, Парвардигори ту ба касе Донотар аст, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ шуд ва ба роҳёфтагон Ӯ Донотар аст. (Наҳл-125)
Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду наздики ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ. (Исро-23)
Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва [низ] ба дарвеш ва роҳгузар; ва исроф макун исроф карданӣ. (Исро-26)
Ва ба зино наздик машавед; ба дурустӣ ки вай беҳаёӣ ва бад роҳе аст. (Исро-32)
Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром сохтааст, макушед, магар ба ҳақ;(Яъне: ҳаққи қисос) ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, пас вориси ӯро қуввате додаем, пас, бояд ки дар куштан зиёдатӣ накунад. Ба дурустӣ ки вай
ёрӣ дода шудааст. (Исро-33)
Ва ба моли ятим ба ҷуз ба тариқе, ки он нек аст, наздик машавед, то ки ба ниҳояти қуввати худ расад; ва ба аҳд вафо кунед; ба дурустӣ ки аз аҳд пурсида хоҳад шуд.Ва ба моли ятим ба ҷуз ба тариқе, ки он нек аст, наздик машавед, то ки ба ниҳояти қуввати худ расад; ва ба аҳд вафо кунед; ба дурустӣ ки аз аҳд
пурсида хоҳад шуд. (Исро-34)
Ва чун паймоед, паймонаро тамом кунед ва ба тарозуи рост бисанҷед, ин беҳтар ва аз ҷиҳати оқибат некӯтар аст. (Исро-35)
Ва паи чизе марав, ки туро дониши он нест; ба дурустӣ ки аз ҳар яке аз гӯшу чашму дил пурсида хоҳад шуд. (Исро-36)
Ва дар замин хиромон марав;(Яъне: мутакаббирона ва мағрурона) ба дурустӣ ки ту заминро нахоҳӣ шикофт ва дар дарозӣ(-и қомат) ба кӯҳҳо нарасӣ. (Исро-37)
Намозро вақти заволи офтоб то ҳангоми торикии шаб барпо дор; ва Қуръон хондани фаҷрро (лозим гир); ба дурустӣ ки дар Қуръон хондани фаҷр (фариштагон) ҳозир мешаванд. (Исро-78)
Пас, бар он чи мегӯянд, сабр кун; ва бо ҳамди Парвардигори хеш пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фурӯ шудани он тасбеҳ гӯ; ва баъзе соатҳои шаб ва атрофи рӯз тасбеҳ гӯ, бувад ки хушнуд шавӣ. (Тоҳо-130)
(Гуфтем:) «Ба дурустӣ ки ин миллати шумо аст – миллати якто; ва Ман Парвардигори шумоам; пас, Маро ибодат кунед.(Яъне: асли дин як аст ва ихтилоф дар фурӯъ мебошад) (Анбиё-92)
Эй мардумон, аз Парвардигори хеш битарсед! Ба дурустӣ ки зилзилаи қиёмат чизи бузург аст. (Ҳаҷ-1)
Эй мӯъминон, рукӯъ кунед ва саҷда ба ҷо оред ва Парвардигори худро ибодат намоед ва кори некӯ кунед, умед аст, ки растагор шавед. (Ҳаҷ-77)
Ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунед – ҳаққи ҷиҳоде, ки барои Худо бошад. Вай шуморо баргузид ва бар шумо дар дин ҳеҷ тангӣ насохт; дини падари шумо – Иброҳимро (машрӯъ кард); Худо шуморо пеш аз ин(Яъне: дар Китобҳои
собиқ) ва дар Қуръон низ «мусулмон» ном ниҳод, то пайғамбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар мардумон гувоҳ бошед; пас, намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва ба Худо чанг занед. Ӯ Худованди шумо аст; пас некӯ Худованд ва некӯ Мададгор аст! (Ҳаҷ-78)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 11
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 13

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *