АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 13

Ҳар яке аз зани зинокунанда ва марди занокунандаро сад дурра бизанед. Ва агар ба Худо ва рӯзи охир имон овардаед, дар ҷорӣ кардани шаръи Худо бояд ки шуморо бар онҳо шафқат фаро нагирад; ва бояд ки ҷамоае аз мӯъминон ба азоби онҳо ҳозир шаванд. (Нур-2)
Марди зинокунанда ба ҷуз ба зани зинокунанда ё ширкоранда [бо касе] никоҳ намекунад. Ва зани зинокунандаро ба ҷуз марди зинокунанда ё ширкоранда [касе] ба занӣ намегирад. Ва ин кор бар мӯъминон ҳаром карда шуд.(Яъне: никоҳи зония) (Нур-3)
Ва онон, ки занони парҳезгорро (ба зино) дашном медиҳанд, сипас, чаҳор гувоҳ намеоваранд – онҳоро ҳаштод дурра бизанед ва гувоҳии онҳоро ҳеҷ гоҳ қабул макунед, инҳо ҷамоаи фосиқанд, (Нур-4)
Эй мӯъминон, аз паи гомҳои Шайтон маравед; ва ҳар ки пайравии гомҳои Шайтон кунад, пас, ба дурустӣ ки вай ба беҳаёӣ ва кори нописандида мефармояд. Ва агар фазли Худову раҳмати Ӯ бар шумо намебуд, ҳеҷ кас аз
шумо ҳаргиз пок намешуд; валекин Худо ҳар киро хоҳад, пок месозад ва Худо Шунавои Доно аст. (Нур-21)
Эй мӯъминон, ба хонаҳое ғайри хонаҳои хеш надароед, то он ки иҷозат наталабед ва бар аҳли он салом надиҳед; ин барои шумо беҳтар аст, бувад ки пандпазир шавед. (Нур-27)
Пас, агар ҳеҷ касро дар он ҷо наёбед, ба он ҷо надароед, то он ки ба шумо иҷозат дода нашавад; ва агар ба шумо гуфта шавад, ки: «Бозгардед», пас, бояд ки бозгардед; он барои шумо поктар аст; ва Худо ба он чи мекунед, Доно аст. (Нур-28)
Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд; ин барои онҳо покизатар аст. Ба дурустӣ ки Худо ба он чи мекунанд, Хабардор аст. (Нур-30)
Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро(Яъне: мавзеъҳои зевар) ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо) зоҳир аст;(Яъне: рӯю ду каф) ва бояд ки
сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони хеш; ё падарони хеш; ё падарони шавҳарони хеш; ё писарони хеш; ё писарони шавҳарони хеш; ё бародарони хеш; ё писарони бародарони хеш; ё писарони хоҳарони хеш; ё занони [аҳли дини] хеш; ё он касе, ки дасташон молики ӯ шудааст;(Яъне: ғуломон) ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд; ё тифлоне, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зевари хеш, ки пинҳон мекарданд, дониста шавад.(Ҳосили ин оят он аст, ки мавзеъҳои зинат ду қисм аст: он чи дар сатри он душворӣ аст – ва он рӯю ду каф аст; ва он чи дар сатри он душворӣ нест – монанди сару гардану бозуву оринҷу соиду соқ) Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Худо руҷӯъ кунед, бувад ки растагор шавед. (Нур-31)
Ва занони бешавҳар аз қавми хеш ва шоистагон аз бандагон ва канизакони хешро ба никоҳ диҳед; агар дарвеш бошанд, Худо онҳоро аз фазли Хеш тавонгар мекунад. Ва Худо Бисёрдиҳандаи Доно аст. (Нур-32)
Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва пайғамбарро фармонбардорӣ кунед, бувад ки бар шумо раҳм карда шавад. (Нур-56)
Эй мӯъминон, бояд онон, ки дастҳои шумо молики онҳо шудааст(Яъне: ғуломону канизон) ва онон аз шумо, ки ба ҳадди булуғ нарасидаанд, [барои ба наздатон даромадан] аз шумо се навбат иҷозат талабанд: пеш аз намози фаҷр; ва нимрӯз – вақте ки ҷомаҳои худро фурӯ мениҳед; ва пас аз намози ишо, [ки] ин барои шумо се вақти хилват аст; баъд аз инҳо бар шумову бар онҳо ҳеҷ гуноҳе нест; бар шумо баъзеи шумо бар баъзеи дигар дарояндаанд. Ҳамчунин Худо оётро барои шумо баён мекунад ва Худо Донандаи Боҳикмат аст. (Нур-58)

Ва чун тифлон аз шумо ба ҳадди булуғ расанд, бояд иҷозат талаб кунанд, чунон ки онон, ки пеш аз онҳо буданд, иҷозат металабиданд. Ҳамчунин Худо оёти Худро барои шумо баён мекунад ва Худо Донои Боҳикмат аст. (Нур-59)
Эй бандагони мӯъмини Ман, ба дурустӣ ки замин кушода аст, пас, [ба ҷои боамнтар ҳиҷрат кунед, то] холисан Маро ибодат кунед. (Анкабут-56)
Пас, вақте ки ба шабонгоҳ дармеоед ва вақте ки ба бомдод дармеоед, Худоро ба покӣ ёд кунед – (Рум-17)
Ба сӯи Вай руҷӯъ карда, ибодат кунед ва аз Вай битарсед ва намозро барпо доред ва аз мушрикон мабошед – (Рум-31)
Ва он чи аз суд дода бошед, то дар моли мардумон биафзояд, пас, он наздики Худо намеафзояд;(Моле, ки ба шарти зиёдат медиҳанд, «рибо» номида мешавад) ва он чи аз садақа, рӯи Худоро талабкунон дода бошед, пас, ин ҷамоа дучандкунанда ҳастанд. (Рум-39)
Ва (ёд кун) чун Луқмон ба писари худ гуфт – ва ӯ он писарро панд медод: «Эй писараки ман, ба Худо шарик муқаррар макун, ба дурустӣ ки ширк ситаме бузург аст». (Луқмон-13)
Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар(Яъне: ҳар вақт сусттар мешавад) дар шикам бардоштааст; ва аз шир боз кардани ӯ дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Бозгашт ба сӯи Ман аст. (Луқмон-14)
Ва агар бо ту дар он кӯшиш кунанд, то чизеро, ки туро ба (ҳақиқати) он донише нест, бо Ман шарик муқаррар кунӣ, пас ба онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман руҷӯъ дорад. Сипас руҷӯъи шумо ба сӯи Ман аст; пас шуморо ба он чи мекардед, огоҳ мекунам. (Луқмон-15)
Эй писараки ман, намозро барпо дор ва ба кори писандида бифармо ва аз нописандида манъ кун ва ба ҳар чи ба ту бирасад, сабр кун; ба дурустӣ ки ин муқаддима аз корҳои мақсуд аст. (Луқмон-17)
Ва рухсораи худро аз мардум матоб(Яъне: ба такаббур рӯй матоб) ва дар замин хиромон роҳ марав, ба дурустӣ ки Худо ҳар нозандаи худситояндаро дӯст надорад. (Луқмон-18)
Ва дар рафтори худ миёнаравӣ кун ва овози худро фуруд ор. Ба ростӣ ки бадтарини овозҳо овози харон бошад». (Луқмон-19)
Эй мардумон, аз Парвардигори хеш битарсед ва аз рӯзе ҳазар кунед, ки ҳеҷ падар ба ҷои писари хеш кифоят накунад ва на фарзанде ба ҷои падари худ чизеро кифояткунанда бошад. Ба дурустӣ ки ваъдаи Худо рост аст, пас, зиндагонии дунё шуморо фиреб надиҳад ва (Шайтони) фиребдиҳанда шуморо ба [авф кардани] Худо фиреб надиҳад. (Луқмон-33)
Эй мӯъминон, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед – вақте ки лашкарҳо бар сари шумо омад, пас, бар онҳо бод ва лашкарҳоеро, ки онҳоро намедидед, фиристодем. Ва Худо ба он чи мекунед, Доно аст. (Аҳзоб-9)
Эй мӯъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед. (Аҳзоб-41)
Ва субҳу шом Ӯро ба покӣ ёд кунед. (Аҳзоб-42)
Эй мӯъминон, чун занони мӯъминаро никоҳ кунед, сипас – пеш аз он, ки ба онҳо даст расонед, онҳоро талоқ диҳед, пас, шуморо бар ин занон ҳеҷ иддате нест, ки онро бишуморед. Пас, ба ин муталлақот мутъа диҳед(Яъне: нисфи маҳри лозимро ба ӯ диҳад) ва онҳоро ба гузоштани нек бигузоред, [ки раванд].
(Аҳзоб-49)
Бар занон (дар парда напӯшидан) пеши падарони хеш ва писарони хеш ва бародарони хеш ва писарони бародарони хеш ва писарони хоҳарони хеш ва занони [ҳамҷинси] хеш ва он чи дасташон молики он аст – гуноҳе нест. (Эй занон) аз Худо битарсед. Ба ростӣ ки Худо бар ҳама чиз Гувоҳ аст. (Аҳзоб-55)
Ҳамоно, Худо ва фариштагони Ӯ бар пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва ба салом гуфтане салом гӯед. (Аҳзоб-56)
Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Аҳзоб-59)
Эй мӯъминон, монанди онон мабошед, ки Мӯсоро ранҷониданд, пас Худо ӯро аз он чи гуфта буданд, пок сохт. Ва Мӯсо наздики Худо бообрӯ буд. (Аҳзоб-69)
Эй мӯъминон, аз Худо битарсед ва сухани устувор бигӯед, (Аҳзоб-70)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 12
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ-14

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *