АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 16

Эй мӯъминон, чун дар рӯзи ҷумъа азон барои намоз дода шавад, пас, ба сӯи ёд кардани Худо саъй кунед ва хариду фурӯшро бигузоред; агар медонед, ин барои шумо беҳтар аст. (Ҷумъа-9)
Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед. (Ҷумъа-10)
Эй мӯъминон, амволатон ва фарзандонатон шуморо аз ёд кардани Худо машғул нагардонанд. Ва касоне, ки ин корро бикунанд – ҳамонҳо зиёнкоронанд. (Мунофиқун-9)
Ва аз он чи шуморо ато кардаем, харҷ кунед, пеш аз он ки ба яке аз шумо марг биёяд ва бигӯед: «Эй Парвардигори ман, кошки маро то муддате андак мавқуф мегузоштӣ, то садақа медодам ва аз солеҳон мешудам». (Мунофиқун-10)
Пас, ба Худо ва расули Ӯ ва ба нуре, ки фурӯ фиристодаем,(Яъне: Қуръон) имон оред. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст. (Тағобун-8)
Ва Худоро фармонбардорӣ кунед ва расулро фармонбардорӣ кунед ва агар рӯгардон шавед, пас, ҷуз ин нест, ки бар пайғамбари Мо пайғом расонидани ошкоро аст. (Тағобун-12)
Эй мӯъминон, ба дурустӣ ки баъзе занонатон ва баъзе фарзандонатон дар ҳаққи шумо душманонанд, пас, аз онҳо битарсед. Ва агар афв кунед ва даргузаред ва биомурзед, пас, ҳамоно Худо Омурзандаи Меҳрубон аст.
(Тағобун-14)
Пас, он қадар ки тавонед, аз Худо битарсед ва сухан шунавед ва фармонбардорӣ кунед ва нафақа диҳед, ки ин барои ҷони шумо беҳтар бошад. Ва касоне, ки аз бухли нафси худ нигоҳ дошта шудаанд, растагоронанд.
(Тағобун-16)
Эй пайғамбар, чун занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар (аввали) иддаташон талоқ диҳед (Яъне: дар таҳре, ки мубошарат накарда бошед) ва иддатро шумор кунед. Ва аз Худо – Парвардигори хеш битарсед. Онҳоро аз хонаҳояшон берун макунед. Ва бояд ки онҳо берун нараванд, магар он ки кори беҳаёии ошкоро ба амал оранд. Ва ин ҳадҳои (муқарраркардаи) Худо аст. Ва ҳар ки аз ҳадҳои Худо таҷовуз кунад, пас, ба ҷони худ ситам кардааст. Ҳеҷ кас намедонад, шояд ки Худо баъд аз талоқ кореро пайдо кунад.(Яъне: мувофақат падид ояд ва
муроҷаат кунад) (Талоқ-1)
Ва чун (муталлақот) ба меоди худ наздик расанд, пас, онҳоро ба ваҷҳи писандида нигоҳ доред ё ба ваҷҳи писандида аз онҳо ҷудо шавед. Ва аз қавми худ ду каси соҳиби адлро гувоҳ гиред ва шаҳодатро барои Худо рост адо кунед. Ҳар ки ба Худо ва рӯзи охир мӯъмин бошад, ба ин ҳукм панд дода мешавад. Ва ҳар ки аз Худо битарсад, [Худо] барои ӯ роҳи халосие падид меорад. (Талоқ-2)
Худо барояшон азоби сахт муҳайё кардааст. Пас, эй соҳибони хирад, ки имон овардаед, аз Худо битарсед; ба дурустӣ ки Худо барои шумо Китобро фуруд овардааст (Талоқ-10)
Эй мӯъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташангези он мардумон ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред. Фариштагони дуруштхӯ, сахтрӯ бар он оташ муваккаланд, Худоро дар он чи ба онҳо фармудааст, нофармонӣ намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онҳо ҳукм мешавад. (Таҳрим-6)
Эй мӯъминон, ба сӯи Худо ба якбора тавбаи холис кунед; умед ҳаст, ки Парвардигоратон ҷурмҳоятонро аз шумо дур кунад ва шуморо ба бӯстонҳое дарорад, ки зери он ҷӯйҳо меравад – дар рӯзе, ки Худо пайғамбар ва ононро,
ки ҳамроҳи ӯ имон овардаанд, расво накунад; нури онҳо пешопешашон ва аз ҷониби росташон меравад; мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, нури моро барои мо тамом деҳ ва моро биомурз, ба дурустӣ ки Ту бар ҳар чиз Тавоноӣ». (Таҳрим-8)
Худоро ибодат кунед ва аз Ӯ битарсед ва фармони ман баред, (Нуҳ-3)

Ва он ки масҷидҳо махсус барои Худо аст. Пас, бо Худо ҳеҷ якеро ибодат макунед. (Ҷин-18)
Ҳамоно Парвардигори ту медонад, ки ту ва ҷамоае аз онон, ки ҳамроҳи туанд, наздик ба ду сеяки шаб ва ними шаб ва сеяки шаб бармехезед. Ва Худо шабу рӯзро андоза мекунад. Худо донист, ки шумо онро(Яъне: қиёми шабро) иҳота карда наметавонед, пас, бар шумо ба раҳмат бозгашт, пас, он чи аз Қуръон осон бошад, бихонед. Худо донист, ки баъзе аз шумо бемор хоҳанд буд ва дигарон дар замин сафар мекунанд, то аз фазли Худо талаби рӯзӣ намоянд ва дигарон дар роҳи Худо корзор мекунанд. Пас, он чи аз Қуръон осон бошад, бихонед ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва – ба вом додани нек – Худоро вом диҳед.(Яъне: ба умеди савоби охират дар ҷиҳод сарфи мол кунед) Ва он чиро аз амали нек, ки барои хештан мефиристед, наздики Худо беҳтар ва ба эътибори музд бузургтар хоҳед ёфт. Ва аз Худо талаби омурзиш кунед, ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Музаммил-20)
[Гуфта шавад:] «Эй нафси оромгиранда! (Фаҷр-27)
Ба сӯи Парвардигори хеш бозгард, [дар ҳоле ки] ту хушнуд шудаӣ ва аз ту низ хушнуд гашта, (Фаҷр-28)
пас, ба (зумраи) бандагони хоси Ман даро; (Фаҷр-29) ва ба биҳишти Ман даро». (Фаҷр-30)
Ва ба онҳо фармуда нашуд, магар он ки парастишро барои Худо холис сохта, Худоро чун бозгаштагон аз кешҳои бад парастиш кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд. Ва ин аст (аҳкоми) дини дуруст. (Баййина-5)
Сипас дар он рӯз аз неъматҳо пурсида хоҳед шуд. (Такосур-8)
пас, бояд ки Парвардигори ин Хонаро ибодат кунанд. (Қурайш-3)
Пас, барои Парвардигори худ намоз гузор ва (шутурро) қурбонӣ кун. (Кавсар-2)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 15
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 17

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *