АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 17

Пас, чун намозро тамом кардед, Худоро истода ва нишаста ва бар паҳлӯи хеш ёд кунед. Ва чун оромидед, намозро барпо кунед.(Яне: ба тариқи амн) Ба дурустӣ ки намоз бар мӯъминон фарзи вақти муайянкардашуда аст. (Нисо-103)
Ва ҳар ки хатое ё гуноҳе бикунад, сипас ба он бегуноҳеро тӯҳмат кунад, пас бӯҳтон ва гуноҳи зоҳирро бар худ бардоштааст. (Нисо-112)
Ва ҳар ки баъд аз он, ки роҳи рост барояш маълум шуд, ба пайғамбар мухолифат кунад ва ғайри роҳи мӯъминонро пайравӣ кунад, ӯро бо он чи дӯст медорад, вогузорем ва ӯро ба дӯзах дарорем; ва он бад ҷоест. (Нисо-115)
Ба дурустӣ, Худо онро, ки ба Ӯ ширк орад, намеомурзад; ва ғайри ширк ҳар киро хоҳад, меомурзад. Ва ҳар ки ба Худо шарик муқаррар кунад, пас ба гумроҳии дур гумроҳ шудааст. (Нисо-116)
Ва агарчи ниҳояти рағбат кунед, ҳаргиз миёни занон адл карда наметавонед; пас, боре, каҷӣ макунед – тамоми каҷӣ – то он ки он занонро монанди муаллақа вогузоред. Ва агар ислоҳ кунед ва парҳезгорӣ намоед, пас, ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Нисо-129)
Ва он чи дар осмонҳост ва он чи дар замин аст, аз они Худост. Ва ҳамоно ононро пеш аз шумо, ки Китоб дода шуданд ва шуморо низ ҳукм фармудем, ки: «Аз Худо битарсед». Ва агар кофир шавед, пас ба дурустӣ ки он чи дар осмонҳо аст ва он чи дар замин аст, аз они Худо аст; ва Худо Тавонгари Сутудашуда аст. (Нисо-131)
Эй мӯъминон, бар инсоф боустувор, барои Худо гувоҳидиҳанда бошед – агарчи бар зарари хештан, ё падару модар ва хешовандон – чи тавонгару чи фақир – бошад; (ба ҳар ҳол) Худо бар онҳо Меҳрубонтар аст. Пас аз адл
майлкунон ба хоҳиши нафс пайравӣ макунед. Ва агар суханро печонед, ё рӯй бигардонед, пас, ба дурустӣ ки Худо бар он чи мекунед, Огоҳ аст. (Нисо-135)
Онон, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст мегиранд – оё наздики онҳо арҷмандӣ металабанд? Ва ба дурустӣ ки ҳамаи арҷмандӣ якҷо аз они Худо аст. (Нисо-139)
Эй мӯъминон, кофиронро ба ҷуз мӯъминон дӯст магиред. Оё мехоҳед, ки барои Худо бар хештан ҳуҷҷати ошкор собит кунед? (Нисо-144)
Худо баланд гуфтани сухани бадро дӯст намедорад, магар аз ҷониби он кас, ки зулм дида бошад. Ва Худо Шунавои Доност. (Нисо-148)
Эй мӯъминон, чун ба сӯи намоз бархезед, рӯй ва дастҳои худро то оринҷ бишӯед ва сари худро масҳ кунед ва пойҳои худро то шитоланг (бишӯед); ва агар боҷанобат бошед, пас ғусл кунед. Ва агар бемор ё мусофир бошед, ё яке аз шумо аз халоҷой биёяд, ё занонро мисос карда бошед(Яъне: ҷимоъ карда бошед) ва обро наёбед, пас қасди хоки пок (таяммум) кунед; ва аз он (хок) рӯи худ ва дастҳои худро масҳ кунед. Худо намехоҳад, ки бар шумо машаққате машрӯъ кунад, валекин мехоҳад, ки шуморо пок созад ва бар шумо неъмати Худро тамом кунад, то шавад ки шукргузорӣ кунед. (Моида-6)
Неъмати Худоро бар хеш ва паймони Худоро, ки бо он аҳд бо шумо бастааст, ёд кунед, он гоҳ, ки гуфтед: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем». Ва аз Худо битарсед; ба дурустӣ ки Худо бар он чи дар синаҳо бошад, Доност. (Моида-7)
Эй мӯъминон, барои Худо қиёмкунанда ва ба ростӣ гувоҳидиҳанда бошед ва душмании қавме шуморо бар тарки адл ҳамл накунад. Адл кунед, адл ба парҳезгорӣ наздиктар аст ва аз Худо битарсед. Ба дурустӣ ки Худо ба он чи
мекунед, Огоҳ аст. (Моида-8)
Эй мӯъминон, аз Худо битарсед ва ба сӯи Ӯ қурб биталабед ва дар роҳи Ӯ ҷиҳод кунед, то растагор шавед. (Моида-35)
Ва дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои он чи ба амал овардаанд, бибуред. Ин ибрате [аст] аз тарафи Худо. Ва Худо Ғолиби Доно аст. (Моида-38)
Ба дурустӣ ки Мо Тавротро фуруд овардем; дар он ҳидоят ва равшанӣ аст; пайғамбароне, ки ба ҳукми илоҳӣ гардан ниҳодаанд, бо он барои яҳудиён ҳукм мекарданд; ва худопарастон ва уламо бо он чи аз Китоби Худо, ки ҳофизи он гардонида шудаанд ва бар он гувоҳ буданд,(Яъне: қатъан маълум карда буданд, ки ҳукми илоҳӣ аст) (ҳама ҳукм мекарданд). Пас, аз мардумон матарсед ва аз Ман битарсед ва ба оятҳои Ман баҳои андак харид макунед. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурӯ фиристодааст, ҳукм накунанд – ҳамоно гурӯҳе кофиронанд.(Моида-44)
Ва дар Таврот барои яҳудиён лозим сохтем, ки шахс ба ивази шахс;(Яъне: ивази он бояд кушт) ва чашм ба ивази чашм; ва бинӣ ба ивази бинӣ; ва гӯш ба ивази гӯш ва дандон ба ивази дандон ва захмҳоро [иваз] қисос аст. Пас, ҳар ки он қисосро афв кунад, ин (афв) вайро каффорат аст. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурӯ фиристодааст, ҳукм накунанд – ҳамоно гурӯҳе ситамкоронанд. (Моида-44)
Ва бояд ки аҳли Инҷил бо он чи Худо дар он фурӯ фиристодааст, ҳукм кунанд. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурӯ фиристодааст, ҳукм накунанд, ҳамоно гурӯҳе бадкоронанд. (Моида-47)
Ва Китобро ба ростӣ ба сӯи ту фурӯ фиристодем – тасдиқкунандаи он чи аз Китоб, ки пеши вай аст ва нигаҳбон бар вай; пас, бо он чи Худо фурӯ фиристодааст, дар миёни онҳо ҳукм кун; ва он чиро, ки аз ҳукми илоҳӣ ба ту
омад, вогузошта, хоҳиши онҳоро пайравӣ макун. Барои ҳар гурӯҳе аз шумо шариате ва роҳе муқаррар сохтаем. Ва агар Худо мехост, шуморо як уммат мегардонид, валекин хост, ки дар он чи ба шумо додааст, шуморо биозмояд; пас, ба сӯи некӯкорӣ шитоб кунед; бозгашти ҳамаи шумо якҷо ба сӯи Худо аст; пас, ба он чи дар он ихтилоф мекардед, ба шумо хабар медиҳад. (Моида-48)
Ва миёни онҳо бо он чи Худо фуруд овардааст, ҳукм кун; ва хоҳиши онҳоро пайравӣ макун; ва аз онҳо ҳазар кун аз он, ки [мабодо] туро аз баъзеи он чи Худо ба сӯи ту фурӯ фиристодааст, фиреб диҳанд. Ва агар рӯй бигардонанд, пас, бидон, ки Худо мехоҳад онҳоро ба сабаби баъзе гуноҳонашон азоб кунад.
Ва ҳамоно бисёре аз мардумон бадкоранд. (Моида-49)

Оё ҳукми ҷоҳилиятро мехоҳанд? Ва барои қавме, ки яқин доранд, кист, ки ба эътибори ҳукм аз Худо хубтар бошад? (Моида-50)
Эй мӯъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст дорад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба дурустӣ ки Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд. (Моида- 51)
Ҷуз ин нест, ки дӯсти шумо Худо ва расули Ӯ ва мӯъминонеанд, ки намозро барпо медоранд ва закотро медиҳанд; ва онҳо рукӯъкунандагонанд. (Моида-55)
Ва ҳар ки бо Худо ва расули Ӯ ва мӯъминон дӯстӣ кунад, пас, ба дурустӣ ки гурӯҳи Худо ҳамоно ғолибанд. (Моида-56)
Эй мӯъминон, касонеро, ки дини шуморо тамасхур ва бозӣ гирифтаанд – аз касоне, ки ба онҳо пеш аз шумо Китоб дода шуд; ва кофиронро дӯст магиред; ва агар мӯъмин ҳастед, аз Худо битарсед. (Моида-57)
Ҳамоно яҳудиён ва мушриконро сахттарини мардумон дар адовати мӯъминон биёбӣ; ва ҳамоно касонеро наздиктарини мардумон дар дӯстии мӯъминон биёбӣ, ки гуфтанд: «Мо насронӣ ҳастем». Ин ба сабаби он аст, ки аз (ҷинси) онҳо донишмандон ва гӯшанишинон ҳастанд; ва онҳо такаббур намекунанд. (Моида-82)
Эй мӯъминон, чизҳои покизаеро, ки Худо барои шумо ҳалол сохтааст, ҳаром макунед ва аз ҳад магузаред. Ба дурустӣ ки Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад. (Моида-87)
Ва аз ҳар чизи ҳалолу покиза, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Он Худо, ки шумо ба Вай имон овардаед, битарсед. (Моида-88)
Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед. (Моида-90)
Ва Худову пайғамбарро фармонбардорӣ кунед ва битарсед; ва агар рӯ гардонед, пас, бидонед, ки бар пайғамбари Мо ба ҷуз пайғом расонидани ошкоро [чизе] нест. (Моида-92)
Бидонед, ки Худо сахтуқубат аст ва (бидонед, ки) Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Моида-98)
Ва чун ба онҳо гуфта шавад: «Ба сӯи он чи Худо фурӯ фиристодааст ва ба сӯи пайғамбар биёед» – гӯянд: «Барои мо он чи, ки падарони худро бар он ёфтаем, бас аст». Ва агарчи падаронашон чизе намедонистанд ва роҳ намеёфтанд. (Моида-104)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 16
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 18

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *