Бигӯ: «Ҳамоно барои ман ибодат кардани ононе, ки шумо ба ҷуз Худо мепарастед, манъ карда шудааст». Бигӯ: «Орзуҳои шуморо пайравӣ намекунам – ба дурустӣ ки он гоҳ аз роҳёфтагон набошам». (Анъом-56)
Бигӯ: «Ба дурустӣ ки ман аз Парвардигори худ бар ҳуҷҷатам ва шумо онро ба дурӯғ доштед. Он чи шумо ба зудӣ металабед, наздики ман нест.(Яъне: уқубат дар ихтиёри ман нест) Касеро ба ҷуз Худо ҳукм нест, ҳақро(Яъне: дини дурустро) баён мекунад; ва Ӯ беҳтарини файсалакунандагон аст». (Анъом-57)
Сипас ба сӯи Худо, ки Худованди ҳақиқии онҳо аст, бозгардонида мешаванд.(Яне: мургагон) [Бидонед, ки] ҳукм [танҳо] Ӯрост; ва Ӯ шитобандатарини ҳисобкунандагон аст. (Анъом-62)
Ва намозро барпо доред ва аз Худо битарсед. Ва Ӯст Он, ки ба сӯи Ӯ ҳашр карда хоҳед шуд. (Анъом-72)
Ин аст Худо – Парвардигори шумо; ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, Офаринандаи ҳар чиз аст. Пас, Ӯро парастиш кунед; ва Ӯ бар ҳар чиз Корсоз аст. (Анъом-102)
Он чиро, ки аз ҷониби Парвардигорат ба сӯи ту ваҳй карда шуд, пайравӣ кун; ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест; ва аз мушрикон рӯй бигардон. (Анъом-106)
Онҳоеро, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном мадиҳед, зеро ки онҳо аз рӯи зулм ба ғайри дониш Худоро дашном хоҳанд дод. Ҳамчунин дар назари ҳар гурӯҳе кирдорашонро ороста кардем. Сипас бозгашти онҳо ба сӯи Парвардигорашон аст; пас, Ӯ онҳоро ба он чи, ки мекарданд, огоҳ мекунад. (Анъом-108)
Агар бисёрии аҳли ин заминро фармонбардорӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд; онҳо ба ҷуз гумон чизеро пайравӣ намекунанд ва ба ҷуз дурӯғ чизе намегӯянд. (Анъом-116)
Ва гуноҳи ошкорову пинҳони онро тарк кунед; ҳамоно касоне, ки гуноҳ мекунанд, ба (ҳасби) он чи мекарданд, ҷазо дода хоҳанд шуд. (Анъом-120)
Ва аз он чи, ки номи Худо бар вай ёд карда нашудааст, махӯред, ба дурустӣ ки он(Яъне: хӯрдани он) гуноҳ аст. Ва ҳамоно шайтонҳо ба дӯстони худ васваса илқо мекунанд, то бо шумо хусумат кунанд; ва агар ба онҳо фармонбардорӣ кунед, пас, шумо мушрик бошед. (Анъом-121)
Ва Ӯ Он [Худой] аст, ки бӯстонҳое пайдо кард – бардошташуда бар пояҳо(Яъне: дарахтони ангур ва монанди он) ва ғайри бардошташуда бар пояҳо(Яъне: дарахтони бар соқ истода) ва дарахтони хурмо ва зироат, бо меваҳои гуногун; ва зайтун ва анор, монанди якдигар ва ғайри монанди якдигар.(Яъне: ҳар навъе аз ҷиҳати сурат монанди якдигар аст ва аз ҷиҳати мазза монанд нест) Чун мева берун оварад, аз меваҳои он бихӯред ва рӯзи даравиданаш закоти онро бидиҳед; ва исроф макунед; ба дурустӣ ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад. (Анъом-141)
Ва [низ] аз чаҳорпоёни борбардоранда ва ба замин афкананда,(Яъне: барои забҳ) аз он чи Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва гомҳои Шайтонро пайравӣ макунед, ба дурустӣ ки ӯ барои шумо душмани зоҳир аст.(Анъом-142)
Ва ду аз шутур ва ду аз гов. Бигӯ: «Оё ин ду нарро ҳаром кардааст, ё ин ду модаро, ё он чиро, ки раҳмҳои ин ду мода дар бар дорад? Оё вақте ки Худо шуморо ба он ҳукм кард, ҳозир будед?» Пас, кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурӯғ бандад, мардумонро аз рӯи бедонишӣ гумроҳ кунад? Ба дурустӣ ки Худо қавми ситамкоронро роҳ наменамояд. (Анъом-144)
Бигӯ: «Биёед, то он чиро бихонам, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст: ин, ки чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба волидайн некӯкорӣ кунед ва фарзандони худро аз тарси фақр макушед; Мо ба шумо ва ба онҳо рӯзӣ медиҳем; ва ба беҳаёиҳо(Яъне: зино ва ливота) чи зоҳир бошад аз он ва чи пӯшида – наздик машавед; ва ҳеҷ нафсро макушед, ки Худо [куштанашро] ҳаром сохтааст, магар ба ҳақ.(Яне: ба қисос ва мисли он) Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то бувад ки шумо ба ақл дарёбед. (Анъом-151)
Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба маслиҳате, ки некӯтар аст, то он ки ба ҷавонии худ расад; ва паймонаву тарозуро ба инсоф тамом кунед. Мо ба ҳеҷ кас ҷуз ба қадри тоқати ӯ таклиф намедиҳем. Ва чун сухан гӯед,(Яъне: гувоҳӣ диҳед, ё ҳукм кунед) инсофро риоят намоед, агарчи соҳиби қаробат бошад.(Яне: он муҳокимашаванда) Ва ба аҳди Худо вафо кунед.(Яне: ба назри Ӯ) Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то бувад ки шумо панд пазиред. (Анъом-152)
Ва ин роҳи рости Ман аст, пас, онро пайравӣ кунед ва роҳҳои дигарро пайравӣ макунед, ки шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунад. Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то шояд ки шумо парҳезгорӣ кунед». (Анъом-153)
Ва ин(Яъне: Қуръон) Китобе аст бобаракат, ки онро фиристодем; пас, пайравии ӯ кунед ва парҳезгорӣ кунед, то [бошад ки] бар шумо меҳрубонӣ карда шавад. (Анъом-155)
Ё нагӯед: «Агар Китоб бар мо фуруд оварда мешуд, ҳамоно аз онҳо роҳёфтатар мебудем». Пас аз Парвардигоратон ба шумо ҳуҷҷат ва ҳидоят ва бахшоиш омадааст. Ва кист ситамкортар аз касе, ки оёти Худоро ба дурӯғ нисбат кунад ва аз он рӯй бигардонад? Ба зудӣ ононро, ки аз оёти Мо рӯй мегардонанд, ба сабаби рӯйгардон шудани онҳо, ба бадтарин азоб ҷазо хоҳем дод. (Анъом-157)
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 18

zikrullonusrati@gmail.com