АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -3

Он чиро пайравӣ кунед, ки аз ҷониби Парвардигоратон ба сӯи шумо фуруд оварда шуд; ва ба ҷуз вай дӯстонеро(Яъне: маъбудони ботилро, ки дӯст мегирифтед) пайравӣ макунед; андаке панд мепазиред. (Аъроф-3)
Эй фарзандони Одам, ба дурустӣ ки бар шумо либосеро фуруд овардем, ки шармгоҳи шуморо бипӯшад; ва низ ҷомаҳои зинатро. Ва либоси парҳезгорӣ аз ҳама беҳтар аст. Ин аз нишонаҳои Худо аст, то онҳо пандпазир шаванд. (Аъроф-26)
Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати(Яъне: либос) худро бигиред; ва бихӯреду биошомед ва исроф макунед; ба дурустӣ ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад. (Аъроф-31)
Парвардигори худро зорикунон ва пӯшида (аз мардумон) бипарастед; ҳамоно Ӯ аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад. (Аъроф-55)
Ва дар замин – баъди ислоҳи он,(Яъне: ба сабаби фиристодани пайғамбар (с)) фасод макунед. Ва Ӯро бо тарсу умед бипарастед; ба дурустӣ ки бахшоиши Худо ба некӯкорон наздик аст. (Аъроф-56)
Гуфт эй қавми ман Худоро ибодат кунед, шуморо ба ҷуз вай ҳеҷ маъбуде нест (Аъроф-73)

Ва барои мо дар ин дунё ва дар охират (низ) некӣ бинавис;(Яъне: муқаддар кун) ба дурустӣ ки мо ба сӯи Ту руҷӯъ кардем». Гуфт:(Яъне: Худо гуфт) «Азоби Худро ба ҳар ки хоҳам, мерасонам ва меҳрубонии Ман ҳама чизро иҳота кардааст; пас онро барои касоне хоҳам навишт,(Яъне: дар
охират) ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд; ва касоне, ки ба оёти Мо мӯътақид мешаванд; (Аъроф-156)
Ва чун Қуръон хонда шавад, пас ба сӯи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо меҳрубонӣ карда шавад. (Аъроф-204)
Ва ба Худову расули Ӯ фармонбардорӣ кунед ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату қуввати шумо биравад; ва шикебоӣ варзед. Ба дурустӣ ки Худо бо шикебоён аст. (Анфол-46)

Аз аҳли Китоб ба касоне ҷанг кунед, ки ба Худо ва рӯзи охир имон намеоранд; ва он чиро, ки Худову пайғамбари Ӯ ҳаром кардаанд, ҳаром намешумуранд; ва дини дурустро ихтиёр намекунанд – то он, ки аз дасти худ, хор шуда, ҷизя бидиҳанд. (Тавба-29)
Ӯ Он аст, ки пайғамбари Худро ба ҳидоят ва дини рост фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо ғолиб кунад, агарчи мушрикон нохуш шаванд. (Тавба-33)
Сабукбору гаронбор берун оед ва ба молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод кунед; агар медонед, ин барои шумо беҳтар аст. (Тавба-41)
Ва онҳоро чизе бознадошт аз он, ки харҷашон аз онҳо қабул карда шавад, магар он, ки онҳо ба Худо ва расули Ӯ кофир шуданд; ва ба намоз намеоянд, магар дар ҳоле, ки онҳо коҳиланд ва харҷ намекунанд, магар дар ҳоле, ки онҳо нохоҳонанд. (Тавба-54)
Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад(Яъне: заифу-л-Ислом) вабарои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо(Яъне: барои ҷиҳод) ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз наздики Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст. (Тавба-60)
Оё намедонанд, ки ҳар кас бо Худову расули Ӯ мухолифат кунад, пас ҳамоно оташи дӯзах барои ӯ аст дар ҳоле, ки ӯ дар он ҷо ҷовидон аст. Ин расвоии бузург аст. (Тавба-63)
Эй мӯъминон, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён бошед. (Тавба-119)
Эй мӯъминон, ба касоне аз кофирон, ки наздики шумоанд, ҷанг кунед. Ва бояд
ки кофирон дар шумо дуруштиро ёбанд; ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон
аст. (Тавба-123)
Ва бештари онҳо ба ҷуз гумон [чизеро] пайравӣ намекунанд. Ба дурустӣ ки гумон аз маърифати ҳақ чизеро кифоят намекунад. Ҳамоно Худо ба он чи мекунанд, Доно аст. (Юнус-36)
Ва чунин нест, ки ин Қуръон ба ғайр аз ҳукми Худо [аз сӯи касе] барбофта шавад, валекин он чиро бовардоранда аст, ки пеш аз вай аст ва баёни шариате аст, ки (барои мардумон) навишта шуд; дар он ҳеҷ шубҳае нест; аз Парвардигори оламиён аст. (Юнус-37)
Эй мардумон, аз Парвардигоратон барои шумо панде ва барои он иллате, ки дар синаҳо аст, шифое ва барои мӯъминон роҳ намудане ва бахшоише омадааст. (Юнус-57)
Огоҳ бош, ба дурустӣ ки бар дӯстони Худо ҳеҷ тарс нест ва онҳо андӯҳгин нашаванд – (Юнус-62)
Ва (ба ман фармуда шуд) он, ки: «Рӯи худро барои дини ҳаниф рост кун ва [ҳаргиз] аз мушрикон мабош; (Юнус-105)
ва ба ҷуз Худо чизеро махон, ки ба ту суд накунад ва зиён нарасонад, пас агар [чунин] бикунӣ, он гоҳ аз ситамкорон бошӣ». (Юнус-106)
Ва чизеро пайравӣ кун,(Мухотаб Муҳаммад (с) аст) ки ба тариқи ваҳй ба ту фиристодем; ва шикебоӣ кун, то он ки Худо файсала кунад; ва Ӯ Беҳтарини файсалакунандагон аст.(Юнус-109)
ба он (мазмун), ки (пайғамбар гӯяд:) «Ба ҷуз Худо [касеро] ибодат накунед. Ба дурустӣ ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо бимкунанда ва башоратдиҳанда ҳастам. (Ҳуд-2)
(ба ин мазмун), ки ба ҷуз Худо [дигареро] мапарастед. Ҳамоно ман бар шумо аз азоби рӯзи дарддиҳанда метарсам».(Ҳуд-26)
Ва ба сӯи Од бародарашон Ҳудро (фиристодем), гуфт: «Худоро ибодат кунед, шуморо ба ҷуз Вай ҳеҷ маъбуде нест. Шумо ба ҷуз ифтирокунанда [каси дигар] нестед. (Ҳуд-50)
Ва намозро ду тарафи рӯз ва соате чанд аз шаб барпо дор; ҳамоно тоатҳо гуноҳонро дур мекунанд. Ин барои пандпазирон панде аст. (Ҳуд-114)
Ва шикебоӣ кун, ба дурустӣ ки Худо музди некӯкоронро зоеъ намесозад. (Ҳуд-115)
Ва кеши падарони худ – Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқубро пайравӣ кардам. Моро нашояд, ки чизеро шарики Худо муқаррар кунем. Ин аз фазли Худо бар мову бар мардумон аст, валекин бештари мардум шукр намекунанд. (Юсуф-38)
Шумо ба ҷуз Худо ибодат намекунед, магар номҳое чандро, ки шумо ва падарони шумо муқаррар кардаед; Худо бар онҳо ҳеҷ далеле нафиристодааст. Ба ҷуз Худо [дигаре]-ро фармонравоӣ нест. Фармуд, ки ба ҷуз Худаш [дигаре]- ро ибодат макунед. Ин кеши дуруст аст, валекин бештари мардумон намедонанд. (Юсуф-40)
Ва ман нафси худро ба покӣ сифат намекунам, ҳамоно нафс бисёрфармоянда ба бадӣ аст, магар он вақт, ки Парвардигори ман меҳрубонӣ кунад. Ба дурустӣ ки Парвардигори ман Омурзандаи Меҳрубон аст». (Юсуф-53)
Пас (Юсуф) пеш аз хӯрҷини бародари худ ба (кофтукови) хӯрҷинҳои онҳо шурӯъ кард; баъд аз он паймонаро аз хӯрҷини бародари худ баровард. Ҳамчунин барои Юсуф тадбир кардем: ӯ намехост, ки бародари худро ба [ҳукми] дини подшоҳ асир гирад, лекин ӯро ба хости Худо асир гирифт; ҳар касеро, ки хоҳем, дар дараҷаҳо баланд мегардонем ва болои ҳар соҳиби дониш доное аст. (Юсуф-76)
Ва онон, ки аҳди Худоро баъди устувор кардани он мешикананд ва он чи Худо пайванд кардани онро фармудааст, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд – ин ҷамоаро лаънат ва барояшон сахтии он сарой аст. (Раъд-25)

– онон, ки имон оварданд ва дилҳояшон ба ёди Худо ором мегиранд. Огоҳ шав: дилҳо ба ёди Худо ором мегиранд. (Раъд-28)
Ва онон, ки ба онҳо Китоб додаем, ба он чи ба сӯи ту фиристода шуд, шод мешаванд. Ва аз ин ҷамоатҳо касе ҳаст, ки баъзеи онро инкор мекунад. Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ба ман фармуда шудааст, ки ибодат кунам ва барои Ӯ шарик муқаррар накунам; ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст». (Раъд-36)
Алиф. Лом. Ро. (Ин) Китобе аст, ки онро ба сӯи ту фурӯ фиристодем, то мардумонро ба ҳукми Парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ – ба сӯи роҳи Худои Ғолиби Сутуда – берун орӣ. (Иброҳим-1)
Пайғамбаронашон ба онҳо гуфтанд: «Мо ба ҷуз одамӣ монанди шумо [касе дигар] нестем; валекин Худо аз бандагони Худ ба ҳар ки хоҳад, неъмати фаровон медиҳад; ва моро мумкин нест, ки ҷуз ба ҳукми Худо ҳуҷҷате биёрем;
ва мӯъминон бояд ки бар Худо таваккул кунанд. (Иброҳим-11)
Сифати онон, ки ба Парвардигори хеш номӯътақид шуданд, (ин аст:) аъмоли онҳо монанди хокистар бувад; дар рӯзе, ки тундбод дорад, бод дар он сахт вазидааст; бар ҳеҷ чизе аз он чи касб карда буданд, қудрат надоранд.(Яъне: аъмоли онҳо барбод равад ва аз чизе аз он нафъ нагиранд) Ин гумроҳии бузург
аст. (Иброҳим-18)
Оё касонеро надидӣ, ки неъмати Худоро ба носипосӣ бадал карданд(Яъне: носипосӣ карданд ва ба шумии он неъмат аз даст рафт. Пас, гӯё, неъмат доданд ва куфр хариданд) ва қавми худро ба сарои ҳалокӣ фуруд оварданд, (Иброҳим28)
Ба он бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ, то намозро барпо доранд ва аз он чи Мо ба онҳо рӯзӣ додем пинҳону ошкоро, харҷ кунанд – пеш аз он, ки рӯзе биёяд, ки дар он на харидуфурӯш ҳаст ва на бо якдигар дӯстӣ бувад. (Иброҳим-31)
Рӯзе, ки ин замин ба ғайри он замин ва осмонҳо [низ] бадал карда шаванд; ва [ҳама] ба ҳузури Худои Ягонаи Ғолиб зоҳир шаванд. (Иброҳим-48)
Ва ба дурустӣ ки ба ту ҳафт ояти мукаррар хондашаванда(Яъне: сураи «Фотиҳа», ки дар намоз мукаррар хонда мешавад) ва Қуръони бузургро додем. (Ҳиҷр-87)
Пас, Парвардигори худро бо ситоиш ба покӣ ёд кун ва аз саҷдакунандагон бош. (Ҳиҷр-98)
Ва Парвардигори худро ибодат кун, то вақте ки ба ту марг бирасад. (Ҳиҷр-99)
Сипас, рӯзи қиёмат онҳоро расво кунаду гӯяд: «Куҷоанд он шарикони Ман, ки шумо дар шаъни онҳо [бо пайғамбар ва мӯъминон] мухолифат мекардед?»
Аҳли илм гӯянд: «Ба дурустӣ ки имрӯз расвоӣ ва сахтӣ бар кофирон аст, (Нахл-27)
Ҳамоно дар ҳар гурӯҳе пайғамбареро фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бутон эҳтироз кунед. Пас, аз онҳо касе буд, ки Худо ба вай роҳ намуд; ва аз онҳо касе буд, ки гумроҳӣ бар вай собит шуд. Пас, дар замин сайр кунед ва бинигаред, ки охири кори дурӯғдорандагон чӣ гуна шуд. (Нахл-36)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -2
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -4

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *