АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -4

Ба дурустӣ ки ин Қуръон ба хислате роҳ менамояд, ки он дурусттар аст ва ба
он мӯъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, ба он башорат медиҳад, ки барои
онҳо музди бузург бошад; (Исро-9)
Ва ҳар ки (савоби) охиратро бихоҳад ва барои он саъй кунад – саъйе, ки лоиқи
он аст ва ӯ мӯъмин бошад, пас, ин ҷамоаанд, ки саъяшон мақбул аст.(Яъне: дар
дунё ба ҳадди ризқу ҷоҳ) (Исро-19)
Бибин, чӣ гуна баъзе мардумонро бар баъзе афзунӣ додаем. Ҳамоно охират аз
рӯи дараҷот зиёдтар бувад ва дар афзунӣ додан бештар бошад. (Исро-21)
Бо Худо маъбуди дигарро муқаррар макун, он гоҳ накӯҳидаи бе ёр монда
бинишинӣ. (Исро- 22)
Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед;
ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду наздики ту ба
калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо
сухани некӯ бигӯ. (Исро-23)
Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва [низ] ба дарвеш ва роҳгузар; ва
исроф макун исроф карданӣ. (Исро-26)
Ва фарзандони худро аз тарси тангдастӣ макушед, Мо ба онҳо ва ба шумо рӯзӣ
медиҳем; ба дурустӣ ки куштани онҳо гуноҳи азим аст. (Исро-31)
Ва ба зино наздик машавед; ба дурустӣ ки вай беҳаёӣ ва бад роҳе аст. (Исро-32)
Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром сохтааст, макушед, магар ба
ҳақ;(Яъне: ҳаққи қисос) ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, пас вориси ӯро
қуввате додаем, пас, бояд ки дар куштан зиёдатӣ накунад. Ба дурустӣ ки вай
ёрӣ дода шудааст. (Исро-33)
Ва ба моли ятим ба ҷуз ба тариқе, ки он нек аст, наздик машавед, то ки ба
ниҳояти қуввати худ расад; ва ба аҳд вафо кунед; ба дурустӣ ки аз аҳд пурсида
хоҳад шуд. (Исро-34)
Ва чун паймоед, паймонаро тамом кунед ва ба тарозуи рост бисанҷед, ин
беҳтар ва аз ҷиҳати оқибат некӯтар аст. (Исро-35)
Ва паи чизе марав, ки туро дониши он нест; ба дурустӣ ки аз ҳар яке аз гӯшу
чашму дил пурсида хоҳад шуд. (Исро-36)
Ва дар замин хиромон марав;(Яъне: мутакаббирона ва мағрурона) ба дурустӣ
ки ту заминро нахоҳӣ шикофт ва дар дарозӣ(-и қомат) ба кӯҳҳо нарасӣ. (Исро-37)
Бадфеълии ҳамаи ин хислатҳо наздики Парвардигори ту нописандида аст.
(Исро-38)
Ин аз он ҷумла аст, ки Парвардигори ту аз ҳикмат ба сӯи ту ваҳй фиристодааст;
ва бо Худо маъбуди дигарро муқаррар макун, он гоҳ маломат карда шуда,
ронда гашта дар дӯзах андохта шавӣ. (Исро-39)
Ва ҳамоно Мо дар ин Қуръон ба ҳар навъ сухан гуфтем, то пандпазир шаванд;
вале ҷуз рамидан [чизеро] дар ҳаққи онҳо намеафзояд. (Исро-41)
Ва ба бандагони Ман бигӯ, ки калимаеро бигӯянд, ки он беҳтар аст.(Яъне: ба
кофирон) Ҳамоно Шайтон миёни мардумон низоъ меафканад. Ҳамоно
Шайтон душмани ошкорои одамӣ аст. (Исро-53)
Намозро вақти заволи офтоб то ҳангоми торикии шаб барпо дор; ва Қуръон
хондани фаҷрро (лозим гир); ба дурустӣ ки дар Қуръон хондани фаҷр
(фариштагон) ҳозир мешаванд. (Исро-78)
Ва баъзеи шабро ба Қуръон бедор бош; (ин шабхезӣ) ба тариқи зиёда барои
туст; наздик аст, ки Парвардигорат туро ба мақоми писандида бидорад.(Яъне:
мақоми шафоат) (Исро-79)
Ва бигӯ: «(Дини) ҳақ омад ва (дини) ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил
нобудшаванда аст». (Исро-81)
Ва аз Қуръон он чиро фуруд меорем, ки вай барои мӯъминон шифо ва раҳмат
аст; ва дар ҳаққи ситамкорон ба ҷуз зиён [чизеро] намеафзояд. (Исро-82)
Ва туро аз Рӯҳ суол мекунанд, бигӯ: «Рӯҳ аз фармони Парвардигори ман аст;
ва шумо аз илм, ба ҷуз андаке, [чизе] дода нашудаед». (Исро-85)
Бигӯ: «Агар одамиёну ҷинниён бар он ҷамъ шаванд, ки монанди ин Қуръон
биёранд, ҳаргиз монанди он наоранд – агарчи баъзеашон баъзеро
мададдиҳанда бошанд». (Исро-88)
Ва ба дурустӣ ки барои мардумон дар ин Қуръон аз ҳар навъ достоне гуногун
баён кардем, пас, бештари мардумон ба ҷуз носипосӣ [чизеро] қабул
накарданд. (Исро-89)
Бигӯ: «Худоро бихонед, ё Раҳмонро бихонед – ҳар кадом, ки бихонед, (хуб
бошад). Пас, Худойро номҳои некӯ аст». Ва намози худро (ин ҳама) баланд
махон ва онро (ин ҳама) паст махон ва миёни ину он роҳе биҷӯй. (Исро-110)
Ва бигӯ: «Ситоиш Худойрост, ки ҳеҷ фарзанд нагирифтааст; ва Ӯро дар
подшоҳӣ ҳеҷ шарике нест; ва Ӯро ба сабаби нотавонӣ ҳеҷ корсозе нест». Ва
Ӯро ба таъзим ёд кун – таъзим карданӣ. (Исро-111)
Ва номаи аъмол дар миён ниҳода шавад; пас, гуноҳкоронро бибинӣ, ки аз он
чи дар он аст, тарсонанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо, ин номаро чӣ ҳол аст, ҳеҷ
маъсияти хурду бузургро намегузорад, магар ин, ки онро фаро гирифтааст».
Ва ҳар чи карда буданд, ҳозир биёбанд. Ва Парвардигори ту бар ҳеҷ кас ситам
накунад. (Каҳф-49)
Ба дурустӣ ки дар ин Қуръон барои мардумон аз ҳар навъ достоне гуногун баён
кардем. Ва одамӣ дар хусумат аз ҳама чиз бештар аст. (Каҳф-54)
Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ман монанди шумо одамиям, ба сӯи ман ваҳй фиристода
мешавад, ки Маъбуди шумо Ҳамон Маъбуди Якто аст; пас, ҳар ки мулоқоти
Парвардигори худро умед дорад, бояд ки кори писандида бикунад ва дар
ибодати Парвардигори хеш ҳеҷ касро шарик наорад». (Каҳф-110)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -3
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 5

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *