Эй мӯъминон, ҳурмати нишонаҳои Худоро; ва моҳи ҳаромро;(Яъне: дар раҷаб ва зулқаъда ва зулҳиҷҷа ва муҳаррам ҷанг набояд кард) ва қурбониро; ва он чи дар гардани он қилода(Яъне: тавқ ё гулӯбанде аст, ки дар гулӯи ҳайвони қурбонӣ ба таври нишон мебастанд) меандозанд; ва қасдкунандагони Байтул-Ҳаромро, ки аз Парвардигори худ фазлу хушнудӣ металабанд,(Яъне: ба ҳоҷиён ва мӯътамадони мусулмон дастдарозӣ набояд кард) машиканед. Ва чун эҳром кушодед, пас шикор кунед; ва душмании гурӯҳе ба сабаби он, ки шуморо аз Масҷиду-л-Ҳаром боздоштанд, шуморо бар таҷовуз кардан аз ҳад водор накунад.(Яъне: пеш аз фатҳи Макка ва пеш аз он ки мусулмон шавед) Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед; ва аз Худо битарсед. Ба дурустӣ ки уқубати Худо сахт аст. (Моида-2)
Эй мӯъминон, барои Худо қиёмкунанда ва ба ростӣ гувоҳидиҳанда бошед ва душмании қавме шуморо бар тарки адл ҳамл накунад. Адл кунед, адл ба парҳезгорӣ наздиктар аст ва аз Худо битарсед. Ба дурустӣ ки Худо ба он чи
мекунед, Огоҳ аст. (Моида-8)
Эй мӯъминон, аз Худо битарсед ва ба сӯи Ӯ қурб биталабед ва дар роҳи Ӯ ҷиҳод кунед, то растагор шавед. (Моида-35)
Ва дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои он чи ба амал овардаанд, бибуред. Ин ибрате [аст] аз тарафи Худо. Ва Худо Ғолиби Доно аст. (Моида-38)
Ба дурустӣ ки Мо Тавротро фуруд овардем; дар он ҳидоят ва равшанӣ аст; пайғамбароне, ки ба ҳукми илоҳӣ гардан ниҳодаанд, бо он барои яҳудиён ҳукм мекарданд; ва худопарастон ва уламо бо он чи аз Китоби Худо, ки ҳофизи он гардонида шудаанд ва бар он гувоҳ буданд,(Яъне: қатъан маълум карда буданд, ки ҳукми илоҳӣ аст) (ҳама ҳукм мекарданд). Пас, аз мардумон матарсед ва аз Ман битарсед ва ба оятҳои Ман баҳои андак харид макунед. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурӯ фиристодааст, ҳукм накунанд – ҳамоно гурӯҳе кофиронанд. (Моида-44)
Ва Китобро ба ростӣ ба сӯи ту фурӯ фиристодем – тасдиқкунандаи он чи аз Китоб, ки пеши вай аст ва нигаҳбон бар вай; пас, бо он чи Худо фурӯ фиристодааст, дар миёни онҳо ҳукм кун; ва он чиро, ки аз ҳукми илоҳӣ ба ту омад, вогузошта, хоҳиши онҳоро пайравӣ макун. Барои ҳар гурӯҳе аз шумо шариате ва роҳе муқаррар сохтаем. Ва агар Худо мехост, шуморо як уммат мегардонид, валекин хост, ки дар он чи ба шумо додааст, шуморо биозмояд; пас, ба сӯи некӯкорӣ шитоб кунед; бозгашти ҳамаи шумо якҷо ба сӯи Худо аст; пас, ба он чи дар он ихтилоф мекардед, ба шумо хабар медиҳад. (Моида-48)
Ва миёни онҳо бо он чи Худо фуруд овардааст, ҳукм кун; ва хоҳиши онҳоро пайравӣ макун; ва аз онҳо ҳазар кун аз он, ки [мабодо] туро аз баъзеи он чи Худо ба сӯи ту фурӯ фиристодааст, фиреб диҳанд. Ва агар рӯй бигардонанд, пас, бидон, ки Худо мехоҳад онҳоро ба сабаби баъзе гуноҳонашон азоб кунад. Ва ҳамоно бисёре аз мардумон бадкоранд. (Моида-49)
Эй мӯъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст дорад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба дурустӣ ки Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд. (Моида-51)
Эй мӯъминон, касонеро, ки дини шуморо тамасхур ва бозӣ гирифтаанд – аз касоне, ки ба онҳо пеш аз шумо Китоб дода шуд; ва кофиронро дӯст магиред; ва агар мӯъмин ҳастед, аз Худо битарсед. (Моида-57)
Эй мӯъминон, чизҳои покизаеро, ки Худо барои шумо ҳалол сохтааст, ҳаром макунед ва аз ҳад магузаред. Ба дурустӣ ки Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст намедорад. (Моида-87)
Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст; пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед. (Моида-90)
Бигӯ: «Оё ба ҷуз Худо касеро муноҷот кунем, ки ба мо нафъе намедиҳад ва зиёне намерасонад? Ва баъд аз он, ки Худо ба мо роҳи ростро намудааст, бар пошнаҳои худ бозгардем(Яъне: аз дин) – монанди касе, ки шаётин ӯро дар замин гумроҳ карда бошад – ҳайрон монда; ӯро ёроне бошанд, ки ба сӯи роҳи рост мехонандаш, ки: «Ба сӯи мо биё». Бигӯ: «Ба дурустӣ ки ҳидояти Худо ҳидоят(-и ҳақиқӣ) аст ва ба мо фармуда шудааст, ки ба Парвардигори оламиён гардан ниҳем». (Анъом-71)
Ва намозро барпо доред ва аз Худо битарсед. Ва Ӯст Он, ки ба сӯи Ӯ ҳашр карда хоҳед шуд. (Анъом-72)
Ин аст Худо – Парвардигори шумо; ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, Офаринандаи ҳар чиз аст. Пас, Ӯро парастиш кунед; ва Ӯ бар ҳар чиз Корсоз аст. (Анъом-102)
Агар ба оёти Худо мӯъмин ҳастед, пас, аз он чи номи Худо бар вай зикр карда шудааст, бихӯред. (Анъом-118)
Ва гуноҳи ошкорову пинҳони онро тарк кунед; ҳамоно касоне, ки гуноҳ мекунанд, ба (ҳасби) он чи мекарданд, ҷазо дода хоҳанд шуд. (Анъом-120)
Ва аз он чи, ки номи Худо бар вай ёд карда нашудааст, махӯред, ба дурустӣ ки он (Яъне: хӯрдани он) гуноҳ аст. Ва ҳамоно шайтонҳо ба дӯстони худ васваса илқо мекунанд, то бо шумо хусумат кунанд; ва агар ба онҳо фармонбардорӣ кунед, пас, шумо мушрик бошед. Анъом-121)
Ва Ӯ Он [Худой] аст, ки бӯстонҳое пайдо кард – бардошташуда бар пояҳо(Яъне: дарахтони ангур ва монанди он) ва ғайри бардошташуда бар пояҳо (Яъне: дарахтони бар соқ истода) ва дарахтони хурмо ва зироат, бо
меваҳои гуногун; ва зайтун ва анор, монанди якдигар ва ғайри монанди якдигар.(Яъне: ҳар навъе аз ҷиҳати сурат монанди якдигар аст ва аз ҷиҳати мазза монанд нест) Чун мева берун оварад, аз меваҳои он бихӯред ва рӯзи
даравиданаш закоти онро бидиҳед; ва исроф макунед; ба дурустӣ ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад. (Анъом-141)
Бигӯ: «Биёед, то он чиро бихонам, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст: ин, ки чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба волидайн некӯкорӣ кунед ва фарзандони худро аз тарси фақр макушед; Мо ба шумо ва ба онҳо рӯзӣ медиҳем; ва ба беҳаёиҳо(Яъне: зино ва ливота) чи зоҳир бошад аз он ва чи пӯшида – наздик машавед; ва ҳеҷ нафсро макушед, ки Худо [куштанашро] ҳаром сохтааст, магар ба ҳақ.(Яъне: ба қисос ва мисли он) Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то бувад ки шумо ба ақл дарёбед. (Анъом-151)
Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба маслиҳате, ки некӯтар аст, то он ки ба ҷавонии худ расад; ва паймонаву тарозуро ба инсоф тамом кунед. Мо ба ҳеҷ кас ҷуз ба қадри тоқати ӯ таклиф намедиҳем. Ва чун сухан гӯед,(Яъне: гувоҳӣ диҳед, ё ҳукм кунед) инсофро риоят намоед, агарчи соҳиби қаробат бошад.(Яъне: он муҳокимашаванда) Ва ба аҳди Худо вафо кунед.(Яъне: ба назри Ӯ) Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то бувад ки шумо панд пазиред. (Анъом-152)
Ва ин роҳи рости Ман аст, пас, онро пайравӣ кунед ва роҳҳои дигарро пайравӣ макунед, ки шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунад. Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то шояд ки шумо парҳезгорӣ кунед». (Анъом-153)
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ 10

zikrullonusrati@gmail.com