Мӯъминон бояд ки кофиронро ба ҷои аҳли имон дӯст нагиранд. Ва ҳар ки чунин кунад, пас дар чизе аз (они) Худо нест,(Яъне: дар аҳди Худо нест) магар ин ки ба навъе [аз ҳазар кардан] аз (шарри) онҳо барҳазар бошед. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад; ва бозгашт ба сӯи Худо аст (Оли Имрон-28)
Бигӯ: «Агар Худоро дӯст медоред, пас маро пайравӣ кунед, то Худо шуморо дӯст дорад ва гуноҳони шуморо бароятон биомурзад; ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст». (Оли Имрон-31)
Бигӯ: «Худо ва пайғамбарро фармон баред». Агар рӯ гардонанд, пас, ҳамоно Худо кофиронро дӯст надорад. (Оли Имрон-32)
Бигӯ: «Худо рост гуфт, пас миллати Иброҳимро ҳанафикеш шуда пайравӣ кунед; ва аз мушрикон набуд». (Оли Имрон-95)
Эй мӯъминон, аз Худо [чунон] битарсед, [ки] ҳаққи тарсидан аз Вай аст ва шумо намиред, магар он ки мусулмон бошед. (Оли Имрон-102)
Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед,(Яъне: Авсу Хаҷраҷ: ва араби маъдияву ямания; ва арабу аҷам бо якдигар душманӣ доштанд) пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед; ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас, шуморо аз он раҳонид. Худо ҳамчунин нишонаҳои Худро бароятон баён мекунад, то бошад ки роҳ ёбед. (Оли Имрон -103)
Ва бояд аз шумо гурӯҳе бошанд, ки ба сӯи некӯкорӣ бихонанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз нописандида манъ кунанд. Ва он гурӯҳи растагоронанд.(Яъне: воҷиб би-л-кифоя аст, ки ҷамъе ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қиём намоянд) (Оли Имрон-104)
Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст(Яъне: монанди яҳудиён ва насрониён машавед, ки ҳафтоду чанд фирқа гаштанд) – (Оли Имрон-105)
Эй мӯъминон, аз ғайри худатон(Яъне: аз ғайри мусулмон) пинҳонӣ дӯст магиред; онҳо дар фитнаангезӣ нисбат ба шумо ҳеҷ кӯтоҳӣ намекунанд: ранҷи шуморо дӯст доштанд; ба дурустӣ ки душманӣ аз даҳонашон зоҳир шуд; ва он чи синаҳояшон пинҳон кардааст, сахттар аст. Агар оқил ҳастед, ҳамоно нишонаҳоро барои шумо баён кардем. (Оли Имрон-118)
Эй мӯъминон, судро дучанд бар дучанд махӯред ва аз Худо битарсед, то бошад ки растагор шавед. (Оли Имрон-130)
Ва аз он оташ, ки барои кофирон омода карда шудааст, бипарҳезед. (Оли
Имрон-131)
Ва Худову пайғамбарро фармон баред, то шояд бар шумо меҳрубонӣ карда шавад. (Оли Имрон-132)
Ва бишитобед ба сӯи омурзиш аз Парвардигори хеш ва ба сӯи биҳиште, ки паҳноии он монанди осмонҳо ва замин аст ва барои парҳезгорон омода карда шудааст – (Оли Имрон -133)
Ва суст машавед ва андӯҳнок мабошед; ва агар мӯъмин ҳастед, шумо ғолибед. (Оли Имрон-139)
Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, ҳаргиз мурда гумон макун, балки зиндаанд, наздики Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд; (Оли Имрон-169)
Ҷуз ин нест, ки ин (хабардиҳанда) Шайтон аст, дӯстони худро(Яъне: заифисломро) метарсонад. Пас, шумо аз кофирон матарсед ва агар мӯъмин ҳастед, аз Ман битарсед. (Оли Имрон- 175)
Эй мӯъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва (барои ҷиҳод) омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед. (Оли Имрон-200)
Эй мардумон, аз он Парвардигоратон битарсед, ки шуморо аз як кас биофарид; ва аз он (як кас) зани ӯро офарид; ва аз ин ду (кас) мардумони бисёр ва занони бешумор мунташир сохт; ва аз он Худо битарсед, ки ба (номи) Ӯ аз якдигар суол мекунед. Ва аз (қатъи) хешовандӣ (битарсед). Ба дурустӣ ки Худо бар шумо Нигаҳбон аст. (Нисо-1)
Ва ба ятимон амволашонро бидиҳед; ва нопокизаро бо покиза бадал макунед; ва амволашонро ба амволи худ ба ҳам оварда махӯред. Ҳамоно ин гуноҳи бузург аст. (Нисо-2)
Ва агар бидонед, ки дар ҳаққи духтарони ятима адл натавонед кард, пас, аз соири занон он чи шуморо хуш ояд, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор никоҳ кунед ва агар донед, ки (дар ин сурат низ) адл натавонед кард, пас, бо як зан (никоҳ кунед) ё (суррия гиред) онро, ки дастҳои шумо молики ӯст. Ин кор ба он наздиктар аст, ки ҷавр накунед. (Нисо-3)
Ва ба занон маҳрашонро ба хушдилӣ бидиҳед. Ва агар занон аз баъзеи маҳр барои шумо ба хушдилӣ даргузаранд, пас, онро созгору хушгувор бихӯред. (Нисо-4)
Ва ба бехирадон амволи худро мадиҳед, ки Худо онро барои шумо сабаби истиқомати маишат кардааст; ва аз ин мол онҳоро бихӯронед ва бипӯшонед; ба онҳо сухани некӯ бигӯед. (Нисо-5)
Ва ятимонро имтиҳон кунед,(Яъне: то ҳангоми булуғ) то он гоҳ, ки ба ҳадди никоҳ расанд.(Яъне: болиғ шаванд) Пас, агар ҳусни тадбири онҳоро дарёфтед, амволашонро ба онҳо бирасонед. Ва он амволро – аз тарси он, ки бузург шаванд – ба исроф ва шитобӣ махӯред.(Яъне: дар хурдсолии онҳо) Ва ҳар ки тавонгар бошад, бояд ки парҳезгорӣ кунад;(Яъне: валии ятим агар тавонгар бошад, аз моли ятим чизе нагирад) ва ҳар ки фақир бошад, бояд ки ба ваҷҳи писандида бихӯрад. Пас, чун ба онҳо амволашонро расонед, бар онҳо гувоҳ гиред; ва Худо бас аст Ҳисобкунанда(-и ҳама). ( Нисо-6)
Ва аз занони шумо онон, ки зино мекунанд, пас, чаҳор мард аз ҷинси хеш(Яъне: аз мусулмонон) бар онҳо гувоҳ талабед; пас, агар гувоҳӣ доданд, онҳоро дар хонаҳо маҳбус кунед, то он ки марг умри онҳоро тамом кунад ё Худо барои онҳо роҳе муқаррар кунад. (Нисо-15)
Ва он дуро аз шумо, ки зино мекунанд, озор диҳед. Агар тавба карданд ва некӯкорӣ пеш гирифтанд, пас, аз [таъзиби] онҳо эъроз кунед. Ба дурустӣ ки Худо Бозгардандаи Меҳрубон аст. (Нисо-16)
Ва аз занон бо касе никоҳ макунед, ки бо ӯ падарони шумо никоҳ карда бошанд. Лекин ба он чи гузаштааст, афв аст. Ҳамоно ин кори бад ва мабғуз аст; ва ин бад роҳест. (Нисо-22)
Бар шумо ҳаром карда шуданд: модарони шумо; ва духтарони шумо; ва хоҳарони шумо; ва хоҳарони падарони шумо; ва хоҳарони модарони шумо; ва духтарони бародар; ва духтарони хоҳар; ва он модарони шумо, ки ба шумо шир додаанд;(Яъне: дояҳо) ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ; ва модарони занони шумо; ва духтарони занони шумо, ки дар канори шумо
парвариш меёбанд – аз байни он занони шумо, ки бо онҳо омезиш кардед – ва агар бо онҳо омезиш накарда бошед, пас, бар шумо ҳеҷ гуноҳ нест; ва занони писарони шумо, ки аз пушти шумо бошанд;(Яъне: писархонда набошанд) ва он ки миёни ду хоҳар ҷамъ кунед,(Яъне: дар як замон зан кардани ду хоҳар барои мард ҳаром аст) лекин ба он чи гузашт, афв аст. Ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Нисо-23)
Эй мӯъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махӯред, магар вақте ки он доду ситади тиҷорат бо ризомандии якдигар аз шумо бошад. Ва хештанро
макушед. Ба дурустӣ ки Худо ба шумо Меҳрубон аст. (Нисо-29)
Ва он чиро таманно макунед, ки Худо ба он баъзеи шуморо бар баъзе бартарӣ додааст. Барои мардон – аз он чи ҳосил кардаанд – баҳрае ҳаст; ва барои занон – аз он чи ҳосил кардаанд – баҳрае ҳаст. Ва аз Худо бахшоиши Ӯро суол кунед. Ба дурустӣ ки Худо ба ҳама чиз Доно аст. (Нисо-32)
Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молики ӯ шуд,(Яъне: ғуломон ва канизон) накӯкорӣ кунед. Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки мутакаббири худситоянда бошад; (Нисо-36)
Эй мӯъминон, дар ҳоле, ки шумо маст бошед, ба намоз наздик машавед, то он ки бифаҳмед, чӣ мегӯед;(Ин ҳукм қабл аз таҳрими хамр буд, баъд аз он мастӣ билкулл ҳаром шуд) ва низ дар ҳолати ҷанобат, то он ки ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё мусофир бошед, ё касе аз шумо аз қазои ҳоҷат биёяд, ё бо занон мубошарат кунед ва обро наёбед, пас қасди хоки пок (таяммум) кунед: бо он рӯй ва дастҳои хешро масҳ кунед. Ба дурустӣ ки Худо
Афвкунандаи Омурзанда аст. (Нисо-43)
Ба дурустӣ, Худо онро, ки барои Ӯ шарик муқаррар карда шавад, намеомурзад; ва ғайри он ҳар киро хоҳад, меомурзад. Ва ҳар ки барои Худо шарик муқаррар кунад, ҳамоно ба гуноҳи бузург ифтиро кардааст. (Нисо-48)
Ба дурустӣ, Худо ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед ва (мефармояд, ки) чун миёни мардумон ҳоким шавед, ба ростӣ ҳукм кунед. Ҳар оина некӯ чизе аст, ки Худо бо он ба шумо панд медиҳад. Ба дурустӣ ки Худо Шунавои Биност. (Нисо-58)
Эй мӯъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва пайғамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш(Яъне: амирони мусулмонон, ки ҳазрати пайғамбар (с) дар аҳди худ таъйин карда буданд) фармонбардорӣ кунед. Пас, чун дар чизе ихтилоф кунед, агар ба Худо ва рӯзи охир эътиқод медоред, онро ба сӯи Худо вапайғамбар роҷеъ кунед. Ин ба (эътибори) оқибат беҳтар ва некӯтар аст. (Нисо-59)
Ва Мо ҳеҷ пайғамбареро нафиристодем, магар барои он ки ба ҳукми Худо ӯ фармонбардорӣ карда шавад. Ва агар ин ҷамоа – вақте ки бар хештан ситам карданд – наздики ту меомаданд ва аз Худо омурзиш талаб мекарданд ва пайғамбар барои онҳо омурзиш талаб мекард, ҳамоно Худоро ба раҳмат Бозояндаи Меҳрубон меёфтанд. (Нисо-64)
Эй мӯъминон, силоҳи худро бигиред ва гурӯҳ-гурӯҳ шуда берун равед, ё ҳама ҷамъ омада берун равед.(Яъне: ба ғазо) (Нисо-71)
Пас, касоне, ки зиндагонии дунёро ба охират мефурӯшанд, бояд ки дар роҳи Худо ҷанг кунанд. Ва ҳар ки дар роҳи Худо ҷанг кунад ва кушта шавад, ё ғолиб ояд, ба ӯ музди бузург бидиҳем. (Нисо-74)
Мӯъминон дар роҳи Худо корзор мекунанд; ва кофирон дар роҳи маъбуди ботил меҷанганд. Пас, бо дӯстони Шайтон ҷанг кунед. Ба дурустӣ ки ҳилаи Шайтон суст аст. (Нисо-76)
Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас, ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст. Ва ҳар ки эъроз кард, пас, туро бар онҳо нигоҳбон нафиристодаем. (Нисо-80)
Ва чун ба саломе таъзим карда шавед, пас, ба калимае беҳтар аз он таъзим кунед, ё ба ҳамон калима ҷавоб диҳед. Ба дурустӣ ки Худо бар ҳама чиз Ҳисобкунанда аст. (Нисо-86)
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -2

zikrullonusrati@gmail.com