АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 5

Ва (Исо гуфт:) «Ба дурустӣ ки Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумоаст; пас, ибодати Ӯ кунед; ин роҳи рост аст». (Марям-36)
Пас, баъд аз онҳо халафе чанд ҷонишин шуданд, ки намозро тарк карданд ва хоҳишҳоро пайравӣ карданд; пас ҷазои гумроҳиро хоҳанд ёфт, (Марям-59)
Ба дурустӣ ки Ман Худо ҳастам, ғайри Ман маъбуде нест; пас, Маро ибодат кун ва намозро барои ёд кардани Ман барпо дор. (Тоҳо-14)
Ҷуз ин нест, ки Маъбуди шумо Худо аст – Он, ки ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуд(-и ба ҳақ) нест; аз рӯи дониш ба ҳар чиз фаро расидааст». (Тоҳо-98)
Ва туро аз кӯҳҳо мепурсанд, бигӯ: «Парвардигори ман онҳоро ба пароканда кардане пароканда кунад. (Тоҳо-105)
Ва ҳамчунин Китобро Қуръони арабӣ фурӯ фиристодем ва дар он тарсониданро гуногун баён кардем, то бувад ки парҳезгор шаванд, ё дар ҳаққи онҳо пандеро пайдо кунад. (Тоҳо-113)
Пас, бар он чи мегӯянд, сабр кун; ва бо ҳамди Парвардигори хеш пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фурӯ шудани он тасбеҳ гӯ; ва баъзе соатҳои шаб ва атрофи рӯз тасбеҳ гӯ, бувад ки хушнуд шавӣ. (Тоҳо-130)
Касони худро ба намоз бифармо ва бар адои он шикебоӣ кун. Аз ту рӯзӣ (доданро) наметалабем, Мо ба ту рӯзӣ медиҳем; ва оқибати хайр барои (аҳли) тақво аст. (Тоҳо-132)
Ба дурустӣ, ба сӯи шумо Китобе фурӯ фиристодем, ки дар он панди шумо ҳаст. Оё ба ақл дар намеёбед? (Анбиё-10)
Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ пайғамбаре нафиристодем, магар он, ки ба сӯи ӯ ваҳй мефиристодем, ки ғайри Ман ҳеҷ маъбуд(-и барҳақ) нест; пас, Маро парастиш кунед. (Анбиё-25)
Ва ин Қуръон панде бобаракат аст, ки онро фурӯ фиристодем; оё шумо ба он мункир ҳастед? (Анбиё-50)
Ва Иброҳиму Лутро ба сӯи замине бираҳонидем, ки дар он барои оламиён баракат ниҳодем.(Яъне: замини Шом) (Анбиё-71)
(Гуфтем:) «Ба дурустӣ ки ин миллати шумо аст – миллати якто; ва Ман Парвардигори шумоам; пас, Маро ибодат кунед.(Яъне: асли дин як аст ва ихтилоф дар фурӯъ мебошад) (Анбиё-92)
то вақте ки қайди Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шавад ва онҳо аз ҳар баландӣ бишитобанд. (Анбиё-96)
Рӯзе, ки осмонро дарпечем – монанди печидани тӯмор вақти навиштани номаҳо; чунон ки аз бози аввал офаринишро оғоз кардем, дигар бора офариниш кунем – ин ваъдаи лозим бар Мост; ҳамоно Мо анҷомдиҳанда[-и ин кор]-ем. (Анбиё-104)
Ба дурустӣ ки дар Забур – баъд аз Таврот, навиштем, ки бандагони шоистаи Мо вориси замин мешаванд. (Анбиё-105)
Эй мардумон, аз Парвардигори хеш битарсед! Ба дурустӣ ки зилзилаи қиёмат чизи бузург аст. (Ҳаҷ-1)
Ва аз мардумон касе ҳаст, ки дар шаъни Худо ба ғайри дониш гуфтугӯ мекунад ва ҳар шайтони саркашро пайравӣ менамояд, (Ҳаҷ-3)
Ва аз мардумон касе ҳаст, ки дар шаъни Худо ба ғайри дониш ва ба ғайри ҳидоят ва ба ғайри Китоби равшан гуфтугӯ мекунад, (Ҳаҷ-8)
Ва аз ту азобро зуд металабанд ва Худо ҳаргиз ваъдаи Худро хилоф нахоҳад кард. Ва ба дурустӣ ки як рӯз наздики Парвардигори ту монанди ҳазор сол аст – аз он чи шумо мешумуред. (Ҳаҷ-47)
Худо рӯзи қиёмат миёни шумо дар он чи андар он ихтилоф мекунед, ҳукм хоҳад кард». (Ҳаҷ-69)
Эй мӯъминон, рукӯъ кунед ва саҷда ба ҷо оред ва Парвардигори худро ибодат намоед ва кори некӯ кунед, умед аст, ки растагор шавед. (Ҳаҷ-77)
Ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунед – ҳаққи ҷиҳоде, ки барои Худо бошад. Вай шуморо баргузид ва бар шумо дар дин ҳеҷ тангӣ насохт; дини падари шумо – Иброҳимро (машрӯъ кард); Худо шуморо пеш аз ин(Яъне: дар Китобҳои собиқ) ва дар Қуръон низ «мусулмон» ном ниҳод, то пайғамбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар мардумон гувоҳ бошед; пас, намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва ба Худо чанг занед. Ӯ Худованди шумо аст; пас некӯ Худованд ва некӯ Мададгор аст! (Ҳаҷ-78)
Эй мӯъминон, аз паи гомҳои Шайтон маравед; ва ҳар ки пайравии гомҳои Шайтон кунад, пас, ба дурустӣ ки вай ба беҳаёӣ ва кори нописандида мефармояд. Ва агар фазли Худову раҳмати Ӯ бар шумо намебуд, ҳеҷ кас аз шумо ҳаргиз пок намешуд; валекин Худо ҳар киро хоҳад, пок месозад ва Худо Шунавои Доно аст. (Нур-21)
Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд; ин барои онҳо покизатар аст. Ба дурустӣ ки Худо ба он чи мекунанд, Хабардор аст. (Нур-30)
Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро(Яъне: мавзеъҳои зевар) ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо) зоҳир аст;(Яъне: рӯю ду каф) ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурӯ гузоранд ва ороиши худро намоён накунанд, магар ба шавҳарони хеш; ё падарони хеш; ё падарони шавҳарони
хеш; ё писарони хеш; ё писарони шавҳарони хеш; ё бародарони хеш; ё писарони бародарони хеш; ё писарони хоҳарони хеш; ё занони [аҳли дини] хеш; ё он касе, ки дасташон молики ӯ шудааст;(Яъне: ғуломон) ё пайравоне аз мардон, ки соҳиби шаҳват набошанд; ё тифлоне, ки ҳанӯз бар шармгоҳи занон огоҳ нашудаанд. Ва заминро ба пои хеш назананд, то он чи аз зевари хеш, ки пинҳон мекарданд, дониста шавад.(Ҳосили ин оят он аст, ки мавзеъҳои зинат ду қисм аст: он чи дар сатри он душворӣ аст – ва он рӯю ду каф аст; ва он чи дар сатри он душворӣ нест – монанди сару гардану бозуву оринҷу соиду соқ) Ва эй мӯъминон, ҳама якҷо ба сӯи Худо руҷӯъ кунед, бувад ки растагор шавед. (Нур-31)
Ва занони бешавҳар аз қавми хеш ва шоистагон аз бандагон ва канизакони хешро ба никоҳ диҳед; агар дарвеш бошанд, Худо онҳоро аз фазли Хеш тавонгар мекунад. Ва Худо Бисёрдиҳандаи Доно аст. (Нур-32)
Дар хонаҳое, ки Худо иҷозат додааст, ки онҳо баланд карда шаванд ва он ҷо номи Ӯ ёд карда шавад – он ҷо Худоро субҳу шом ба покӣ ёд мекунанд – (Нур-36)
Бигӯ: «Фармонбардории Худо кунед ва фармонбардории пайғамбар кунед; ва агар рӯй бигардонед, пас, ҷуз ин нест, ки бар пайғамбар он чи аст, ки бар вай лозим карда шуд ва бар шумо он чи аст, ки бар шумо лозим карда шуд. Ва агар фармонбардории ӯ кунед, роҳ меёбед. Ва бар пайғамбар ба ҷуз пайғом расонидани ошкоро [чизе] нест. (Нур-54)
Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва пайғамбарро фармонбардорӣ кунед, бувад ки бар шумо раҳм карда шавад. (Нур-56)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -4
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -6

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *