АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -8

ва он ки Маро бипарастед, роҳи рост ин аст? (Ёсин-61)
(Гуфтем:) «Эй Довуд, ба ростӣ ки Мо туро дар замин подшоҳ сохтем, пас, дар миёни мардумон ба ростӣ ҳукм кун ва хоҳиши нафсро пайравӣ макун, ки он туро аз роҳи Худо гумроҳ кунад». Ҳамоно, барои онон, ки аз роҳи Худо гумроҳ мешаванд, азоби сахт аст – ба сабаби он, ки рӯзи ҳисобро фаромӯш карданд. (Сод-26)
Ҳамоно Мо Китобро ба ростӣ ба сӯи ту фурӯ фиристодем, пас, парастишро барои Худо холис карда, Ӯро ибодат кун. (Зумар-2)
Бигӯ: «Ҳар оина маро фармуда шуд, ки парастишро барои Худо холис сохта, Ӯро ибодат кунам. (Зумар-11)
Ва барои онон, ки аз бут яксӯ рафтанд – аз он, ки онро ибодат кунанд, – ва ба сӯи Худо руҷӯъ карданд, мужда аст. Пас он бандагони Маро мужда деҳ, (Зумар-17)
Ба дурустӣ ки барои мардумон дар ин Қуръон аз ҳар гуна достон баён кардем, бувад ки онҳо панд гиранд. (Зумар-27)
Бигӯ:(Яъне: Эй Муҳаммад, аз тарафи Ман бигӯ) «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст. (Зумар-53)
Ва пеш аз он, ки азоб ногаҳон ба шумо биёяд ва шумо хабардор набошед, ба некӯтарини он чи аз ҷониби Парвардигоратон ба сӯи шумо фурӯ фиристода шудааст, пайравӣ кунед. (Зумар-55)
Балки (фақат) Худоро ибодат кун ва аз сипосгузорон бош. (Зумар-66)
Ва гӯянд: «Сипос Худойро, ки ваъдаи Худро ба мо рост кард ва ба мо аз [биҳишт] замин мерос дод, аз биҳишт ҳар ҷо, ки хоҳем, ҷой мегирем». Пас, (биҳишт) нек музди коркунандагон аст. (Зумар-74)
Эй мӯъминон, агар Худоро нусрат диҳед, (Худо) шуморо нусрат медиҳад ва қадамҳоятонро собит мекунад. (Муҳаммад-7)
Оё ҳар ки бар тариқаи равшан аз [ҷониби] Парвардигори хеш бошад, монанди он касонест, ки бадкориашон дар назарашон ороста карда шуд ва ба хоҳишҳои [нафсонии] худ пайравӣ карданд? (Муҳаммад-14)
Ва аз мардумон касоне ҳастанд, ки ба сӯи ту гӯш мениҳанд, то вақте ки аз наздики ту берун раванд, ба онон, ки онҳоро илм дода шудааст, гӯянд: «(Пайғамбар) алҳол чӣ гуфт?» Он ҷамоа касоне ҳастанд, ки Худо бар
дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва хоҳиши нафси худро пайравӣ карданд. (Муҳаммад-16)
Ин (уқубат) ба сабаби он аст, ки онҳо ба чизе пайравӣ карданд, ки Худоро ба хашм овард ва хушнудии Ӯро написандиданд. Пас, Худо аъмолашонро зоеъ сохт. (Муҳаммад-28)
Ва, албатта, шуморо имтиҳон кунем, то аз шумо муҷоҳидону собиронро бишиносем ва аҳволи шуморо биозмоем. (Муҳаммад-31)
Эй мӯъминон, Худоро фармон баред ва пайғамбарро фармон баред ва амалҳои худро ботил макунед. (Муҳаммад-33)
Ӯ Он аст, ки пайғамбари Худро ба ҳидоят ва дини рост фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо ғолиб кунад. Ва Худо Гувоҳ бас аст. (Фатҳ-28)
Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас, миёни онҳо сулҳ кунед. Ва агар яке аз ин ду бар дигарӣ тааддӣ кунад, пас, бо он гурӯҳ, ки тааддӣ мекунад, ҷанг бикунед, то он ки ба сӯи ҳукми Худо руҷӯъ кунад. Ва агар руҷӯъ кунад, миёни онҳо сулҳ кунед – ба инсоф; ва адл кунед; ба дурустӣ ки Худо адлкунандагонро дӯст медорад. (Ҳуҷурот-9)
Ҷуз ин нест, ки мӯъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад. (Ҳуҷурот-10)
Эй мӯъминон, гурӯҳе бо гурӯҳе тамасхур накунад, эҳтимол аст, ки он гурӯҳ(Яъне: гурӯҳи тамасхуршаванда) аз онҳо беҳтар бошад. Ва занон бо занони дигар (тамасхур накунанд), эҳтимол аст, ки он занон(Яъне: занони
тамасхуршаванда) аз онҳо беҳтар бошанд. Ва дар миёни хеш айбҷӯӣ макунед ва бо лақабҳои бад якдигарро махонед. Баъд аз имон овардан фосиқӣ номи баде аст. Ва касоне, ки тавба намекунанд – ҳамонҳо ситамкоронанд. (Ҳуҷурот-11)
Эй мӯъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст. (Ҳуҷурот-12)
Ба дурустӣ ки Мо одамиро офаридем ва он чиро медонем, ки ба ӯ нафси ӯ васваса мекунад ва Мо аз раги ҷон ба вай наздиктарем. (Қоф-16)
Пас, бар он чи мегӯянд, сабр кун ва пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фурӯ рафтани он Парвардигори худро, ҳамроҳ бо ситоиш, ба покӣ ёд кун. (Қоф-39)
Ва дар баъзе авқоти шаб ва баъди намоз низ Худоро ба покӣ ёд кун. (Қоф-40)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -7
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ-9

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *