Мӯъминон бояд ки кофиронро ба ҷои аҳли имон дӯст нагиранд. Ва ҳар ки чунин кунад, пас дар чизе аз (они) Худо нест,(Яъне: дар аҳди Худо нест) магар ин ки ба навъе [аз ҳазар кардан] аз (шарри) онҳо барҳазар бошед. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад; ва бозгашт ба сӯи Худо аст. (Оли Имрон-28)
Ба дурустӣ ки Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумост; пас, Ӯро парастиш кунед. Ин аст роҳи рост». (Оли Имрон-51)
Бигӯ: «Худо рост гуфт, пас миллати Иброҳимро ҳанафикеш шуда пайравӣ кунед; ва аз мушрикон набуд». (Оли Имрон-95)
Эй мӯъминон, аз Худо [чунон] битарсед, [ки] ҳаққи тарсидан аз Вай аст ва шумо намиред, магар он ки мусулмон бошед. (Оли Имрон-102)
Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед,(Яъне: Авсу Хазраҷ: ва араби маъдияву ямания; ва арабу аҷам бо якдигар душманӣ
доштанд) пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед; ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас, шуморо аз он раҳонид. Худо ҳамчунин нишонаҳои Худро бароятон баён мекунад, то бошад
ки роҳ ёбед. (Оли Имрон-103)
Ва бояд аз шумо гурӯҳе бошанд, ки ба сӯи некӯкорӣ бихонанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз нописандида манъ кунанд. Ва он гурӯҳи растагоронанд.(Яъне: воҷиб би-л-кифоя аст, ки ҷамъе ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар қиём намоянд) (Оли Имрон-104)
Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст(Яъне: монанди яҳудиён ва насрониён машавед, ки ҳафтоду чанд фирқа
гаштанд) – (Оли Имрон-105)
Ҳаргиз ба шумо – ба ҷуз андак ранҷе(Яъне: ба сабаби забондарозӣ) – [дигар] зиёне нарасонанд; ва агар бо шумо корзор кунанд, пушт ба сӯи шумо кунанд;(Яъне: бигурезанд) сипас, нусрат дода нашаванд. (Оли Имрон-111)
Эй мӯъминон, судро дучанд бар дучанд махӯред ва аз Худо битарсед, то бошад ки растагор шавед. (Оли Имрон-130)
Ва бишитобед ба сӯи омурзиш аз Парвардигори хеш ва ба сӯи биҳиште, ки паҳноии он монанди осмонҳо ва замин аст ва барои парҳезгорон омода карда шудааст – (Оли Имрон-133)
Ва суст машавед ва андӯҳнок мабошед; ва агар мӯъмин ҳастед, шумо ғолибед. (Оли Имрон-139)
Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, ҳаргиз мурда гумон макун, балки зиндаанд, наздики Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд; (Оли Имрон-169)
Ҷуз ин нест, ки ин (хабардиҳанда) Шайтон аст, дӯстони худро(Яъне: заифисломро) метарсонад. Пас, шумо аз кофирон матарсед ва агар мӯъмин ҳастед, аз Ман битарсед. (Оли Имрон-175)
Албатта, шумо дар амволатон ва ҷонатон озмоиш карда хоҳед шуд; ва аз онон, ки пеш аз шумо Китоб дода шудаанд ва аз мушрикон сарзаниши бисёр хоҳед шунид. Ва агар сабр кунед ва парҳезгорӣ намоед, ба дурустӣ ки ин (хислат) аз корҳои мақсуд аст. (Оли Имрон-186)
Эй мӯъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва (барои ҷиҳод) омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед. (Оли Имрон-200)
Эй мардумон, аз он Парвардигоратон битарсед, ки шуморо аз як кас биофарид; ва аз он (як кас) зани ӯро офарид; ва аз ин ду (кас) мардумони бисёр ва занони бешумор мунташир сохт; ва аз он Худо битарсед, ки ба (номи) Ӯ аз якдигар суол мекунед. Ва аз (қатъи) хешовандӣ (битарсед). Ба дурустӣ ки Худо бар шумо Нигаҳбон аст. (Нисо-1)
Ва ба ятимон амволашонро бидиҳед; ва нопокизаро бо покиза бадал макунед; ва амволашонро ба амволи худ ба ҳам оварда махӯред. Ҳамоно ин гуноҳи бузург аст. (Нисо-2)
Ва агар бидонед, ки дар ҳаққи духтарони ятима адл натавонед кард, пас, аз соири занон он чи шуморо хуш ояд, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор никоҳ кунед ва агар донед, ки (дар ин сурат низ) адл натавонед кард, пас, бо як зан (никоҳ кунед) ё (суррия гиред) онро, ки дастҳои шумо молики ӯст. Ин кор ба он наздиктар аст, ки ҷавр накунед. (Нисо-3)
Ва ба занон маҳрашонро ба хушдилӣ бидиҳед. Ва агар занон аз баъзеи маҳр барои шумо ба хушдилӣ даргузаранд, пас, онро созгору хушгувор бихӯред. (Нисо-4)
Ва ба бехирадон амволи худро мадиҳед, ки Худо онро барои шумо сабаби истиқомати маишат кардааст; ва аз ин мол онҳоро бихӯронед ва бипӯшонед; ба онҳо сухани некӯ бигӯед. (Нисо-5)
Ва ятимонро имтиҳон кунед,(Яъне: то ҳангоми булуғ) то он гоҳ, ки ба ҳадди никоҳ расанд.(Яъне: болиғ шаванд) Пас, агар ҳусни тадбири онҳоро дарёфтед, амволашонро ба онҳо бирасонед. Ва он амволро – аз тарси он, ки бузург шаванд – ба исроф ва шитобӣ махӯред.(Яъне: дар хурдсолии онҳо) Ва ҳар ки тавонгар бошад, бояд ки парҳезгорӣ кунад;(Яъне: валии ятим агар тавонгар бошад, аз моли ятим чизе нагирад) ва ҳар ки фақир бошад, бояд ки ба ваҷҳи писандида бихӯрад. Пас, чун ба онҳо амволашонро расонед, бар онҳо гувоҳ гиред; ва Худо бас аст Ҳисобкунанда(-и ҳама). (Нисо-6)

Ва он дуро аз шумо, ки зино мекунанд, озор диҳед. Агар тавба карданд ва некӯкорӣ пеш гирифтанд, пас, аз [таъзиби] онҳо эъроз кунед. Ба дурустӣ ки Худо Бозгардандаи Меҳрубон аст. (Нисо-16)
Ва аз занон бо касе никоҳ макунед, ки бо ӯ падарони шумо никоҳ карда бошанд. Лекин ба он чи гузаштааст, афв аст. Ҳамоно ин кори бад ва мабғуз аст; ва ин бад роҳест. (Нисо-22)
Эй мӯъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махӯред, магар вақте ки он доду ситади тиҷорат бо ризомандии якдигар аз шумо бошад. Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ ки Худо ба шумо Меҳрубон аст. (Нисо-29)
Ва он чиро таманно макунед, ки Худо ба он баъзеи шуморо бар баъзе бартарӣ додааст. Барои мардон – аз он чи ҳосил кардаанд – баҳрае ҳаст; ва барои занон – аз он чи ҳосил кардаанд – баҳрае ҳаст. Ва аз Худо бахшоиши Ӯро суол кунед. Ба дурустӣ ки Худо ба ҳама чиз Доно аст. (Нисо-32)
Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додааст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корандеш шудаанд. Пас, занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат(-и шавҳар) он чиро нигоҳдорандаанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст. Ва он занонеро, ки аз саркашиашон тарс доред, панд диҳед; ва пас, дар хобгоҳ онҳоро тарк кунед,(Яъне: мубошират макунед) пас, онҳоро бизанед; ва агар ба шумо
фармонбардорӣ карданд, пас, бар онҳо роҳ(-и ситам) маҷӯед. Ба дурустӣ ки Худо Баландмартабаи Бузургқадр аст. (Нисо-34)
Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молики ӯ шуд,(Яъне: ғуломон ва канизон) накӯкорӣ кунед. Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки мутакаббири худситоянда бошад; (Нисо-36)
Эй мӯъминон, дар ҳоле, ки шумо маст бошед, ба намоз наздик машавед, то он ки бифаҳмед, чӣ мегӯед;(Ин ҳукм қабл аз таҳрими хамр буд, баъд аз он мастӣ билкулл ҳаром шуд) ва низ дар ҳолати ҷанобат, то он ки ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё мусофир бошед, ё касе аз шумо аз қазои ҳоҷат биёяд, ё бо занон мубошарат кунед ва обро наёбед, пас қасди хоки пок (таяммум) кунед: бо он рӯй ва дастҳои хешро масҳ кунед. Ба дурустӣ ки Худо Афвкунандаи Омурзанда аст. (Нисо-43)
Ба дурустӣ, Худо ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед ва (мефармояд, ки) чун миёни мардумон ҳоким шавед, ба ростӣ ҳукм кунед. Ҳар оина некӯ чизе аст, ки Худо бо он ба шумо панд медиҳад. Ба дурустӣ ки Худо Шунавои Биност. (Нисо-58)
Оё касонеро надидӣ, ки гумон мекунанд, ки ба он чи ба сӯи ту нозил карда шудааст ва ба он чи пеш аз ту нозил карда шудааст, имон овардаанд, мехоҳанд (қазияҳои хешро) ба сӯи саркаш мурофаа кунанд; ва ҳол он ки ба онҳо фармуда шуд, ки ба вай мункир шаванд. Ва Шайтон мехоҳад, ки онҳоро гумроҳ созад – гумроҳии дур. (Нисо-60)
Эй мӯъминон, силоҳи худро бигиред ва гурӯҳ-гурӯҳ шуда берун равед, ё ҳама ҷамъ омада берун равед.(Яъне: ба ғазо) (Нисо-71)
Эй мӯъминон, чун дар роҳи Худо сафар кунед,(Яъне: барои ҷиҳод) (нек) таҳқиқ кунед ва ба касе, ки ба сӯи шумо «салом» андохтааст, магӯед: «Мӯъмин нестӣ» – матои зиндагонии дунёро металабед; ва наздики Худо ғаниматҳои
бисёр ҳаст. Шумо пеш аз ин ҳамчунин будед ва Худо бар шумо инъом кард; пас, таҳқиқ кунед; ба дурустӣ ки Худо ба он чи мекунед, Огоҳ аст. (Нисо-94)
Эй мӯъминон, бар инсоф боустувор, барои Худо гувоҳидиҳанда бошед – агарчи бар зарари хештан, ё падару модар ва хешовандон – чи тавонгару чи фақир – бошад; (ба ҳар ҳол) Худо бар онҳо Меҳрубонтар аст. Пас, аз адл
майлкунон ба хоҳиши нафс пайравӣ макунед. Ва агар суханро печонед, ё рӯй бигардонед, пас, ба дурустӣ ки Худо бар он чи мекунед, Огоҳ аст. (Нисо-135)
Эй мӯъминон, кофиронро ба ҷуз мӯъминон дӯст магиред. Оё мехоҳед, ки барои Худо бар хештан ҳуҷҷати ошкор собит кунед? (Нисо-144)
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ-9

zikrullonusrati@gmail.com