АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ-14

Дар ҳақиқат Шайтон шуморо душман аст, пас ӯро душман гиред; ҷуз ин нест, ки ӯ тобеони худро мехонад, то аз аҳли дӯзах бошанд. (Фотир-6)
ва он ки Маро бипарастед, роҳи рост ин аст? (Ёсин-61)
(Гуфтем:) «Эй Довуд, ба ростӣ ки Мо туро дар замин подшоҳ сохтем, пас, дар миёни мардумон ба ростӣ ҳукм кун ва хоҳиши нафсро пайравӣ макун, ки он туро аз роҳи Худо гумроҳ кунад». Ҳамоно, барои онон, ки аз роҳи Худо гумроҳ мешаванд, азоби сахт аст – ба сабаби он, ки рӯзи ҳисобро фаромӯш карданд. (Сод-26)
Ҳамоно Мо Китобро ба ростӣ ба сӯи ту фурӯ фиристодем, пас, парастишро барои Худо холис карда, Ӯро ибодат кун. (Зумар-2)
Бигӯ:(Яъне: Эй Муҳаммад, аз тарафи Ман бигӯ) «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед! Барои онон, ки дар ин дунё некӯкорӣ карданд, ҳолати нек бошад; ва замини Худо кушода аст; ҷуз ин нест, ки музди собирон беҳисоб, батамом ба онҳо дода мешавад».(Дар ин оят таъриз аст ба ҳиҷрати Ҳабаша) (Зумар-10)
Бигӯ: «Ҳар оина маро фармуда шуд, ки парастишро барои Худо холис сохта, Ӯро ибодат кунам. (Зумар-11)
Ва маро ба он фармуда шуд, ки нахустини мусулмонон бошам». (Зумар-12)
Онҳоро аз болояшон соябонҳое аз оташ бошад ва аз зерашон низ – соябонҳое. Ин (азоб) [он аст, ки] Худо ба он бандагони Худро метарсонад». Эй бандагони Ман, аз Ман битарсед! (Зумар-16)
Ва пеш аз он, ки азоб ба шумо биёяду сипас мадад карда нашавед, ба сӯи Парвардигоратон бозгардед ва Ӯро гардан ниҳед. (Зумар-54)
Ва ба дурустӣ, ба сӯи ту ва ба сӯи онон, ки пеш аз ту буданд, ваҳй фиристода шуд, ки агар шарик(-и Худо) муқаррар кунӣ, албатта, амали ту нобуд гардад ва албатта, аз зиёнкорон шавӣ. (Зумар-65)
Балки (фақат) Худоро ибодат кун ва аз сипосгузорон бош. (Зумар-66)
Пас Худоро – барои Ӯ ибодатро холис сохта, ёд кунед – агарчи кофирон нохуш доранд. (Ғофир-14)
Онҳоро аз рӯзи қиёмат битарсон – он гоҳ, ки дилҳо аз ғам пур шуда, то ба гулӯ оянд. Барои ситамкорон ҳеҷ дӯсте ва шафоаткунандае нест, ки сухани ӯ қабул карда шавад. (Ғофир-18)
Аз оин он чиро, ки Нӯҳро ба (иқомати) он фармуда буд, барои шумо муқаррар кард. Ва он чи ба сӯи ту ваҳй фиристодем ва он чи Иброҳим ва Мӯсо ва Исоро ба (иқомати) он фармудем (ба ин мазмун), ки динро қоим кунед ва дар он мутафарриқ машавед. Он чи мушриконро ба он мехонӣ, бар онҳо душвор омад. Худо ҳар киро хоҳад, ба сӯи Худ бармегузинад ва ҳар касро, ки руҷӯъ мекунад,(Яъне: ба сӯи ҳақ) ба сӯи Худ роҳ менамояд. (Шуро-13)
Пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки онро аз ҷониби Худо бозгашт нест, фармони Парвардигоратонро қабул кунед. Он рӯз шуморо ҳеҷ паноҳе нест ва шуморо ҳеҷ инкоре нест. (Шуро-47)
то бар пушти он рост бинишинед. Сипас, вақте ки бар он рост нишастед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунеду бигӯед: «Пок аст Худое, ки ин (маркуб)-ро барои мо мусаххар сохт, ҳол он ки мо бар он тавоно набудем.
(Зухруф-13)
Пас, ба он чи ба сӯи ту ваҳй фиристода шуд, чанг зан, ҳамоно ту бар роҳи рост ҳастӣ. (Зухруф-43)
Ва ҳамоно ӯ(Яъне: Исо (а)) нишона барои қиёмат аст, пас, дар қиёмат шубҳа макунед. Ва (бигӯ:) «Ба ман пайравӣ кунед, ин роҳи рост аст. (Зухруф-61)
то ба Худо ва расули Ӯ имон оред ва то нусраташ диҳед ва Ӯро бузург доред ва бомдоду бегоҳ Ӯро ба покӣ ёд кунед. (Фатҳ-9)
Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, (аз хавфи) он ки ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, бар он чи амал кардед, пушаймон шавед. (Ҳуҷурот-6)
Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас, миёни онҳо сулҳ кунед. Ва агар яке аз ин ду бар дигарӣ тааддӣ кунад, пас, бо он гурӯҳ, ки тааддӣ мекунад, ҷанг бикунед, то он ки ба сӯи ҳукми Худо руҷӯъ кунад. Ва агар руҷӯъ кунад, миёни онҳо сулҳ кунед – ба инсоф; ва адл кунед; ба дурустӣ ки Худо
адлкунандагонро дӯст медорад. (Ҳуҷурот-9)
Ҷуз ин нест, ки мӯъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад. (Ҳуҷурот-10)
Эй мӯъминон, гурӯҳе бо гурӯҳе тамасхур накунад, эҳтимол аст, ки он гурӯҳ(Яъне: гурӯҳи тамасхуршаванда) аз онҳо беҳтар бошад. Ва занон бо занони дигар (тамасхур накунанд), эҳтимол аст, ки он занон(Яъне: занони
тамасхуршаванда) аз онҳо беҳтар бошанд. Ва дар миёни хеш айбҷӯӣ макунед ва бо лақабҳои бад якдигарро махонед. Баъд аз имон овардан фосиқӣ номи баде аст. Ва касоне, ки тавба намекунанд – ҳамонҳо ситамкоронанд. (Ҳуҷурот-11)
Эй мӯъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст. (Ҳуҷурот-12)
Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳар оина гиромитарини шумо наздики Худо парҳезгортарини шумо аст, Худо Донои
Хабардор аст. (Ҳуҷурот-13)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 13
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 15

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *