АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ — 15

Пас, бар он чи мегӯянд, сабр кун ва пеш аз баромадани офтоб ва пеш аз фурӯ рафтани он Парвардигори худро, ҳамроҳ бо ситоиш, ба покӣ ёд кун. (Қоф-39)
Ва дар баъзе авқоти шаб ва баъди намоз низ Худоро ба покӣ ёд кун.(Қоф-40)

Мо он чиро медонем, ки (онҳо) мегӯянд ва ту бар онҳо ҷабркунанда нестӣ. Пас, ҳар касеро, ки аз ваъдаи азоби Ман метарсад, бо Қуръон панд деҳ. (Қоф-45)
Ва бо Худо маъбуде дигарро муқаррар макунед, ба дурустӣ ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо тарсонандаи ошкор ҳастам». (Зориёт-51)
Ва Ман ҷинну инсро наофаридаам, магар барои ин ки Маро парастанд. (Зориёт-56)
Пас, Худоро саҷда кунед ва парастиш намоед. (Наҷм-62)
то он ки дар тарозу аз ҳад таҷовуз накунед. (Раҳмон-8)
Ва [вазнро] ба инсоф рост санҷед ва дар тарозу нуқсон макунед. (Раҳмон-9)
Пас, номи Парвардигори Бузурги худро ба покӣ ёд кун. (Воқиъа-96)
Ба Худо ва расули Ӯ имон оред ва аз он мол, ки шуморо дар вай ҷонишини дигарон сохтааст, харҷ кунед. Пас, онҳоеро аз шумо, ки имон оварданд ва харҷ карданд, музди бузург аст. (Ҳадид-7)
Ба сӯи омурзиш аз ҷониби Парвардигоратон ва ба сӯи биҳиште, ки паҳноии он ба андозаи паҳноии осмону замин аст, сабқат кунед. [Он биҳишт] барои касоне омода карда шудааст, ки ба Худо ва пайғамбарони Ӯ имон меоранд; ин фазли Худо аст, ба ҳар ки хоҳад, онро медиҳад. Ва Худо Соҳиби фазли бузург аст. (Ҳадид-21)
Эй онҳо, ки имон овардаед,(Яъне: ба пайғамбарони собиқ (а)) аз Худо битарсед ва ба пайғамбари Ӯ(Яъне: Муҳаммад (с)) имон оред, то ба шумо аз раҳмати Худ ду ҳисса бидиҳад ва ба шумо нуре бидиҳад, ки ба он роҳ равед ва то шуморо биомурзад. Ва Худо Омурзгори Меҳрубон аст. (Ҳадид-28)
Эй мӯъминон, чун бо якдигар роз гӯед, пас, дар боби гуноҳ ва тааддӣ ва нофармонбардории пайғамбар роз магӯед ва дар боби некӯкорӣ ва парҳезгорӣ роз гӯед ва аз Худой битарсед, ки ба сӯи Ӯ ҳашр карда хоҳед шуд. (Муҷодала-9)
Он чи Худо аз амволи сокинони деҳаҳо ба пайғамбари Худ оид гардонид – аз они Худо ва пайғамбар ва хешовандон(Яъне: хешовандони пайғамбар) ва ятимон ва фақирон ва мусофирон аст, то миёни тавонгарон аз шумо дастгардон набошад. Ва ҳар чи пайғамбар ба шумо бидиҳад, онро бигиред ва аз ҳар чи шуморо манъ кунад, бозистед ва аз Худо битарсед. Ҳар оина Худо сахт уқубаткунанда аст. (Ҳашр-7)
Эй мӯъминон, аз Худо битарсед. Ва ҳар шахс бояд бинигарад, ки барои фардо(Яъне: барои рӯзи қиёмат) чӣ чиз пеш фиристодааст. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст. (Ҳашр-18)
Ва монанди касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд, пас, Худо (аз хотири онҳо) худашонро фаромӯш гардонид. Онҳо бадкоронанд. (Ҳашр-19)
Эй мӯъминон, душманони Ман ва душманони худро дӯст магиред: ба сабаби дӯстӣ ба сӯи онҳо пайғом меафканед. [Ҳол он ки] онҳо ба он чи аз дини рост ба шумо омадааст, кофир шудаанд, барои он ки ба Худо – Парвардигори хеш имон овардед, пайғамбар ва шуморо (низ) ҷалои ватан мекунанд. (Дӯст магиред) агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва ба талаби ризомандии Ман аз ватанҳои худ баромадаед; пинҳон ба сӯи онҳо пайғоми дӯстӣ мефиристед. Ва Ман он чиро, ки пинҳон мекунед ва он чиро, ки ошкоро менамоед, медонам. Ва ҳар ки аз шумо ин корро бикунад, пас, дар воқеъ роҳи ростро ғалат кардааст. (Мумтаҳана-1)
Эй мӯъминон, бо гурӯҳе дӯстӣ макунед, ки Худо бар онҳо хашм гирифтааст; онҳо аз савоби охират ноумед шудаанд – чунон ки кофироне, ки аз аҳли гӯранд, ноумед шудаанд.(Худои Таъоло ба азоби онҳо ҳукм кардааст, пас, ҳаргиз имон наоранд, чунончи кофирон баъд аз мурдан бар куфр умеди савоб надоранд) (Мумтаҳана-13)
Ба Худо ва расули Ӯ имон оред ва дар роҳи Худо бо амволу ҷонҳои худ ҷиҳод кунед; агар медонед, ин барои шумо беҳтар аст. (Сафф-11)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ-14
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 16

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *