АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -6

Ва пайғамбар гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно қавми ман ин Қуръонро фурӯ гузоштанд». (Фурқон-30)
Оё он касро дидӣ, ки хоҳиши нафси худро худои худ гирифтааст? Оё ту бар вай нигаҳбон мешавӣ? (Фурқон-43)
Пас, кофиронро фармон мабар; ва бо онҳо ба ҳукми Худо ба ҷиҳоди бузург ҷиҳод кун. (Фурқон-52)
Пас, бар Худо таваккул кун, ба дурустӣ ки ту бар дини рости равшан ҳастӣ. (Намл-79)
(Бигӯ:) «Ҷуз ин нест, ки ба ман фармуда шуд, ки Парвардигори ин шаҳрро(Яъне: Макка) ибодат кунам – Он Зоте, ки ин [шаҳр]-ро муҳаррам сохт; ва ҳар чиз аз они Ӯст. Ва ба ман фармуда шуд, ки аз мусулмонон бошам. (Намл-91)
Ва (ба ман фармуда шуд, ки) Қуръонро бихонам». Ва ҳар ки роҳ ёбад, пас, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хештан роҳ меёбад. Ва ҳар ки гумроҳ шавад, пас бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки ман аз бимкунандагонам». (Намл-92)
Ва Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоа, ғайри худам барои шумо ҳеҷ худое надонистаам. Пас, эй Ҳомон, барои ман бар гил оташ афрӯз(Яъне: хишт бисоз) ва барои ман кӯшке бино кун; бошад ки ман ба сӯи Маъбуди Мӯсо дидавар шавам; ва ба дурустӣ ки ман ӯро аз дурӯғгӯён мепиндорам». ( Қасас-38)
Ва агар сухани туро қабул накунанд, пас, бидон: ҷуз ин нест, ки ба хоҳиши нафси худ пайравӣ мекунанд. Ва кист гумроҳтар аз касе, ки бидуни роҳнамоӣ аз Худо ба хоҳиши нафси худ пайравӣ кунад? Ба дурустӣ ки Худо ба гурӯҳи ситамкорон роҳ наменамояд. (Қасас-50)
Ва Ӯ Худо аст, ки ба ғайри Ӯ ҳеҷ маъбуде нест; ва ситоиш дар дунёву охират Ӯрост; ва фармонравоӣ аз они Ӯст ва ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед. (Қасас-70)
Ва бо Худо маъбуди дигарро махон, ғайри Ӯ ҳеҷ маъбуде нест. Ҳар чиз ҳалокшаванда аст, магар рӯи Ӯ, фармонравоӣ аз они Ӯст; ва ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед. (Қасас-88)
Ва ба одамӣ амр кардем, ки ба падару модари худ некӯӣ кун. Ва агар онҳо бо ту кӯшиш кунанд, ки ба Ман он чиро, ки ба ҳақиқати он туро донише нест, шарик орӣ, пас, ба онҳо фармонбардорӣ макун. Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст; пас, шуморо ба он чи мекардед, хабар медиҳам. (Анкабут-8)
Ҷуз ин нест, ки ба ҷуз Худо бутонро мепарастед ва дурӯғро бармебандед. Ба дурустӣ онон, ки шумо онҳоро ба ҷуз Худо парастиш мекунед, барои шумо рӯзӣ дода наметавонанд. Пас, рӯзиро аз наздики Худо талаб кунед ва Ӯро бипарастед ва шукри Ӯ ба ҷо оред; ба сӯи Ӯ бозгардонида хоҳед шуд». (Анкабут-17)
Бихон, [эй Муҳаммад], он чиро аз Китоб, ки ба сӯи ту ваҳй фиристода шудааст ва намозро барпо дор, ба дурустӣ ки намоз аз кори беҳаёӣ ва феъли нописандида манъ мекунад ва ба дурустӣ ки ёд кардани Худо аз ҳама бузургтар аст; ва Худо он чиро, ки мекунед, медонад. (Анкабут-45)
Эй бандагони мӯъмини Ман, ба дурустӣ ки замин кушода аст, пас, [ба ҷои боамнтар ҳиҷрат кунед, то] холисан Маро ибодат кунед. (Анкабут-56)
Балки ситамкорон ба ғайри илм хоҳиши нафси худро пайравӣ кардаанд. Пас, касеро, ки Худо гумроҳ кардааст, кӣ роҳ менамояд? Ва онҳоро ҳеҷ ёридиҳандае нест. (Рум-29)
Пас, рӯи худро барои ибодат рост кун, дар ҳоле ки росткеш бошӣ; дини Худоро пайравӣ кун, ки мардумонро бар он пайдо кардааст. Ин дини Худоро бадал кардан набувад. Ин дини дуруст аст, валекин аксари мардумон намедонанд. (Рум-30)
Ба сӯи Вай руҷӯъ карда, ибодат кунед ва аз Вай битарсед ва намозро барпо доред ва аз мушрикон мабошед – (Рум-31)
– аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд; ҳар гурӯҳ ба он чи наздики ӯст, хурсанд аст. (Рум-32)
Пас, [эй Муҳаммад] ҳаққи соҳиби хешӣ, мискин ва роҳгузарро бидеҳ. Ин (додан) барои касоне, ки рӯи Худоро металабанд, беҳтар аст; ва ин ҷамоа растагоранд. (Рум-38)
Пас рӯи худро барои дини дуруст рост кун – пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки аз ҷониби Худо онро бозгашт нест. Он рӯз [мардум] аз ҳам ҷудо шаванд: (Рум-43)
Ва (ёд кун) чун Луқмон ба писари худ гуфт – ва ӯ он писарро панд медод: «Эй писараки ман, ба Худо шарик муқаррар макун, ба дурустӣ ки ширк ситаме бузург аст». (Луқмон-13)
Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар(Яъне: ҳар вақт сусттар мешавад) дар шикам бардоштааст; ва аз шир боз кардани ӯ дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Бозгашт ба сӯи Ман аст. (Луқмон-14)
Ва агар бо ту дар он кӯшиш кунанд, то чизеро, ки туро ба (ҳақиқати) он донише нест, бо Ман шарик муқаррар кунӣ, пас ба онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман руҷӯъ дорад. Сипас руҷӯъи шумо ба сӯи Ман аст; пас шуморо ба он чи мекардед, огоҳ мекунам. (Луқмон-15)
Эй писараки ман, намозро барпо дор ва ба кори писандида бифармо ва аз нописандида манъ кун ва ба ҳар чи ба ту бирасад, сабр кун; ба дурустӣ ки ин муқаддима аз корҳои мақсуд аст. (Луқмон-17)
Ва чун ба онҳо гуфта шавад: «Чизеро, ки Худо фуруд овардааст, пайравӣ кунед» – гӯянд: «Балки чизеро, ки падарони худро бар он ёфтаем, пайравӣ мекунем». Оё дар ҳоле ки Шайтон онҳоро ба сӯи азоби дӯзах мехонад,
[пайравӣ мекунанд]? (Луқмон-21)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ - 5
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -7

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *