АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -7

Корро аз осмон ба сӯи замин (фуруд оварда) тадбир мекунад. Сипас он кор дар рӯзе, ки миқдори он аз он ҳисоб, ки мешуморед, [баробари] ҳазор сол аст, ба сӯи Худо боло меравад. (Саҷда-5)
Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба оёти Парвардигори хеш панд дода шавад, сипас, аз он рӯй бигардонад? Ба ростӣ ки Мо аз гуноҳкорон Интиқомкашандаем. (Саҷда-22)
Эй пайғамбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиқон фармонбардорӣ макун. Ба дурустӣ ки Худо Донои Боҳикмат аст. (Аҳзоб-1)
Ва ба он чизе, ки аз ҷониби Парвардигори ту ба сӯи ту ваҳй фиристода мешавад, пайравӣ кун, ҳамоно Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст. (Аҳзоб-2)
Ва бар Худо таваккул кун ва Худо Вакил бас аст. (Аҳзоб-3)
Ва ҳеҷ мӯъмину ҳеҷ мӯъминаро он нест, ки чун Худову пайғамбари Ӯ коре муқаррар кунанд, онҳоро дар он кори хеш ихтиёр бошад. Ва ҳар ки Худову пайғамбари Ӯро нофармонӣ кунад, пас, ҳамоно, ба гумроҳии зоҳир гумроҳ
шудааст. (Аҳзоб-36)
Эй мӯъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед. (Аҳзоб-41)
Ва субҳу шом Ӯро ба покӣ ёд кунед. (Аҳзоб-42)
Ва кофирону мунофиқонро фармон мабар ва ранҷониданашонро (аз назари эътибор) бигузор ва бар Худо таваккул кун; ва Худо Корсоз бас аст. (Аҳзоб-48)
Бар занон (дар парда напӯшидан) пеши падарони хеш ва писарони хеш ва бародарони хеш ва писарони бародарони хеш ва писарони хоҳарони хеш ва занони [ҳамҷинси] хеш ва он чи дасташон молики он аст – гуноҳе нест. (Эй занон) аз Худо битарсед. Ба ростӣ ки Худо бар ҳама чиз Гувоҳ аст. (Аҳзоб-55)
Ҳамоно, Худо ва фариштагони Ӯ бар пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва ба салом гуфтане салом гӯед. (Аҳзоб-56)
Ҳамоно, Худо ононро, ки Худову пайғамбари Ӯро меранҷонанд, дар дунёву охират лаънат кард ва барои онҳо азоби хоркунанда муҳайё сохт. (Аҳзоб-57)
Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст. (Аҳзоб-59)
Рӯзе, ки рӯйҳояшон дар оташ гардонида шавад, гӯянд: «Эй кош, мо Худоро фармон мебурдем ва пайғамбарро фармон мебурдем». (Аҳзоб-66)
Ва гӯянд: «Эй Парвардигори мо, ба ростӣ ки мо раҳбаронамон ва бузургонамонро фармон бурдем, пас моро аз роҳ гумроҳ сохтанд. (Аҳзоб-67)
Эй мӯъминон, монанди онон мабошед, ки Мӯсоро ранҷониданд, пас Худо ӯро аз он чи гуфта буданд, пок сохт. Ва Мӯсо наздики Худо бообрӯ буд. (Аҳзоб-69)
Эй мӯъминон, аз Худо битарсед ва сухани устувор бигӯед, (Аҳзоб-70)
то [Худо] кирдорҳоятонро ба салоҳ орад ва гуноҳонатонро барои шумо биомурзад. Ва ҳар ки Худову пайғамбари Ӯро фармон барад, пас, ба дурустӣ ки ба фирӯзии бузург ноил шудааст. (Аҳзоб-71)
Эй мардумон, неъмати Худоро бар хеш ёд кунед. Оё офаринандае ғайри Худо ҳаст, ки ба шумо аз (ҷониби) осмону замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Вай нест. Пас, аз куҷо [аз роҳи рост] гардонида мешавед? (Фотир-3)
Дар ҳақиқат Шайтон шуморо душман аст, пас ӯро душман гиред; ҷуз ин нест, ки ӯ тобеони худро мехонад, то аз аҳли дӯзах бошанд. (Фотир-6)
Эй мардумон, шумо ба Худо мӯҳтоҷед ва ҳамоно Худо Бениёзи Сутудакор аст.
(Фотир-15)
Ва ҳамчунин, аз мардумону ҷонварону чаҳорпоён – ранги онҳо гуногун аст. Ҷуз ин нест, ки аз бандагони Худо фақат олимон аз Ӯ метарсанд. Ба ростӣ ки Худо Ғолиби Омурзанда аст. (Фотир-28)
Ҳамоно онон, ки Китоби Худоро тиловат мекунанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онҳо рӯзӣ додем, пинҳону ошкоро харҷ мекунанд – савдогариеро умедворанд, ки ҳаргиз касод нашавад; (Фотир-29)

АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -6
АМРҲО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ -8

Оставить комментарий

Ваш адрес электронной почты не будет опубликован Обязательные поля отмечены *